Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон гуфт, ки Русия Толибонро мусаллаҳ мекунад


Толибон дар паради истиқлолияти Афғонистон. 19 августи соли 2001
Толибон дар паради истиқлолияти Афғонистон. 19 августи соли 2001

Рекс Тиллерсон, котиби давлатии ИМА шоми 22 август гуфт, ки Кремл бо нодида гирифтани меъёрҳои байналмилалӣ Толибони Афғонистонро мусаллаҳ мекунад. Ҷумбиши Толибон аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид созмони террористӣ эътироф шудааст.

Тиллерсон гуфт, ки Амрико ба ин амали Русия мухолиф аст ва афзӯд, " Ҳар кӣ мехоҳад ба Афғонистон аслиҳа диҳад, бояд ин корро тавассути ҳукумати ин кишвар анҷом диҳад."

Аз сӯи дигар ӯ аз музокироти сулҳ дар байни Кобулу Толибон пуштибонӣ кард. Котиби давлатӣ гуфт, "дар сурати ғайриимкон будани пирӯзӣ бар Толибон, роҳи ҳалли сиёсӣ пайдо хоҳад шуд."

Дар бораи ҳамкориҳои пасипардагии Русия бо Толибон ибтидои соли ҷорӣ хабар пахш шуд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия он замон гуфта буд, дар Афғонистон нерӯҳое мавҷуданд, ки бояд дар мадди назар бошанд ва ба ин тартиб қонунӣ будани ин сохторро эътироф кард.

Вазорати хориҷии Русия то ин замон ба гуфтаҳои Тиллерсон вокуниш нишон надодааст. Пештар аз ин низ Кремл додани аслиҳа ба толибонро рад карда буд.

XS
SM
MD
LG