Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ аввалин ноҳияҳои Талъафарро аз ДИИШ гирифтанд


Нерӯҳои шиъаҳо ва артиши Ироқ дар атрофи Талъафар
Нерӯҳои шиъаҳо ва артиши Ироқ дар атрофи Талъафар

Нерӯҳи Ироқ рӯзи гузашта се ноҳияи аввалини Талъафарро аз ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бозпас гирифтанд ва раҳбари Пентагон Ҷим Мэттис барои намоиши пуштибонӣ аз онҳо ба Бағдод сафар кард.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аз оғози ҳамлаи густарда ба Талъафар, бо пуштибонии эътилофи таҳти назорати ИМА, дар ду рӯзи гузашта ҳазорон шаҳрванди мулкӣ аз шаҳр фирор карданд.

Ҷим Мэтис баъди мулоқот бо нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал- Ибодӣ гуфт, ки ҷангиёни ДИИШ "рӯ ба гурез овардаанд."

"Шаҳрҳо озод шуданд, мардум аз ДИИШ раҳо ёфт"- гуфт Мэттис. "Ҷангиён тавони муқовимат бо нерӯи моро надоранд, онҳо аз қаламравҳои аздастдода пораеро ҳам бозпас гирифта натавонистанд"- афзӯд раҳбари Пентагон.

Моҳи гузашта нерӯҳои Ироқ по пуштибонии эътилофи таҳти назари ИМА, баъди 9 моҳи муҳориба шаҳри Мавсилро аз ДИИШ озод карданд.

Ҳамла барои озод кардани Талъафар 20 август оғоз шуд.

XS
SM
MD
LG