Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мадуро барои дафъи "таҳдидҳо низомӣ"-и ИМА аз Маскав кӯмак хост


Николас Мадуро
Николас Мадуро

Раиси ҷумҳури Венесуеэла Николас Мадуро рӯзи гузашта аз Русия ва Ватикан даъват кард, ки дар дафъи "таҳдидҳои низомӣ"-и Вашингтон ба кишвари ӯ кӯмак кунанд. Мадуро ҳамчунин аз сафари зудрасаш ба Маскав ва мулоқот бо Президент Путин хабар дод.

Намояндаи Ватикан субҳи имрӯз дар Маскав аз мақоми Русия даъват кард, ки дар коҳиши ташаннуҷи Венесуэла, ки мардумаш бо эътирозҳои густарда раиси ҷумҳурро ба амиқтар шудани бӯҳрони иқтисодӣ муттаҳам мекунанд, ёрӣ расонад.

Русия таҳдидҳои президенти ИМА Доналд Трамп дар баробари Венесуэларо "ғайри қобили қабул" мешуморад ва президент Мадуро гуфтааст, ки барои муқовимат ба таҳдидҳои Амрико ҳамкориҳои низомӣ бо Маскавро мутаҳкам мекунад.

Чанде пеш Русия ба Венесуэла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва мушакҳои замин ба ҳаворо фурӯхт.

XS
SM
MD
LG