Идораи умури ҳавонавардии Русия -"Росавиацсия", барномаҳои омода кардани халабонҳои тиҷоратӣ дар омӯзишгоҳҳои хусусиву давлатиро бекор кард. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" рӯзи 23 август бо такя ба номаи ин идора ба омӯзишгоҳи ҳавонавардии Челябинск хабар дод. Бар пояи ин санад, "Росавиацсия" қоидаҳои таълимиро, ки аз соли 2006 то 2016 амал мекарданд, беэътибор медонад.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои нашрия ин қарор метавонад шаҳодатномаи наздик ба 5 ҳазор халабонро, ки омӯзишгоҳҳои хусусӣ ва давлатии ҳавонавардиро хатм кардаанд, бекор кунад. Ҳамсӯҳбатҳои "Коммерсантъ" мегӯянд ин ҳол метавонад мавҷи нави бӯҳронро дар соҳаи ҳавонавардӣ эҷод кунад, ки бе ин ҳам ба фирори мутахасисҳо ба хориҷ рӯ ба рӯ аст.
Моҳи май халабонҳои рус аз рӯи амалкарди "Росавиацсия", ки шаҳодатномаи садҳо мутахасисро бидуни шарҳ бекор кард, ба Созмони байналмилалии авиатсияи мулкӣ шикоят бурданд. "Росавиацсия" он вақт гуфта буд, ки шаҳодатномаҳоро ба далели маълумоти тақаллубӣ дар бораи омода кардани халабонҳо лағв кардааст..