Сар аз 23 август Ийолоти Муттаҳидаи Амрико судури раводиди ғайри муҳоҷиратӣ дар саросари Русияро қатъ мекунад. Додани раводид дар Маскав 1 сентябр оғоз мешавад. Муҳлати боз шудани консулгариҳо дар минтақа маълум нест. Сафорати Амрико ин хабарро рӯзи 21 август эълон кард.
Сафорат ин иқдомро ба қарори Русия марбут кард, ки теъдоди дипломатҳои Амрико дар қаламрави кишварро коҳиш додааст.
Рӯзи 28 июл Вазорати хориҷии Русия таъдоди дипломатҳои Амрико, бо шумули кормандони фанниро то 455 нафар коҳиш дод ва ҳамчунин дипломатҳои ИМА-ро аз истифодаи бустансарои воқеъ дар Серебряний Бор маҳрум кард.
Кремлин ин иқдомро посух ба қарори Конгресси Амрико номид, ки рӯзи 27 июл қонун дар бораи таҳкими таҳримҳо алайҳи Русияро тасвиб кард.