Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Испания ҷустуҷӯи омилони ҳамлаи террористӣ идома дорад


Пулиси Испания зодаи Мағрибро ҷустуҷӯ дорад, ки гумон меравад, дар ҳамлаҳои террористии 17 август дар шаҳрҳои Барселона ва Камбрилс даст дорад.

Мақомоти тафтишотии Испания рӯзи якшанбе гуфтанд, дар Алканар аз манзиле, ки дар он эҳтимолан, ба ҳамлае омодагӣ медиданд, 120 баллони газ пайдо карданд. Пулиси Каталония мегӯяд, моҳҳои ахир маҳз дар ин хона барои анҷоми терактҳо омодагӣ дида шудааст.

5 террористи гумонбарро кормандони пулис дар Камбрилс куштанд. Пештар дар натиҷаи ҳамлаи террористон бо мошин як зан ҷон дода, чанд тани дигар захмӣ шуданд. Пулис дар ҳоли ҳозир чаҳор тани гумонбаронро дастгир кардааст.

Бино ба фарзияи пулис, ду гумонбар дар натиҷаи таркиши манзили зисте дар Алканар ҷон доданд. Масъулияти ҳамлаҳои террористиро дар Испания гуруҳи даҳшатафкани "Давлатӣ исломӣ" ба зимма гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG