Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳашар" дар хонаи муаллим. Эҳтиром ё сӯистифода аз мақом?


Додситонии кулли Тоҷикистон 86 мудир ва омӯзгори мактабҳои миёнаро барои истифода аз нирӯи хонандагон дар корҳои шахсӣ ба ҷавобгарӣ кашидааст. Абдулло Шоҳ, муовини сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Додситонии кул, рӯзи 18-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин миқдор мавриди сӯиистифода аз нирӯи ноболиғон дар шаш моҳи имсо сабт шудааст.

Аз пушти хонаи ман роҳ мегузарад ва дар онҷо дарахт шинонда шудааст. Хонандагон расида буданд, ки кормандони милиса ҳам омаданд ва онҳоро ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд.

Абдулло Шоҳ гуфт, дар робита бо баъзе аз ин парвандаҳо додгоҳҳо ҳукм содир карда, бархеи дигар дар дасти тафтишот аст. “Аксаран нисбат ба ин масъулон ҷарима татбиқ мешавад. Ҳамаи инҳо марбут ба иҷрои қонуни масъулияти падару модар аст. Назорати прокурорӣ барои пешгирӣ аз поймол шудани ҳуқуқи ноболиғон ҷиддӣ ҳаст”, - афзуд ӯ.

Ба иттилои додситонӣ, ин ҳодисаҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Бадахшон – 11, Суғд – 16, Хатлон – 12, шаҳри Душанбе – 37, ноҳияи Шаҳринав – 4 ва дар Ҳисору Тоҷикободу Файзобод 6 мавриди истифода аз нерӯи хонандагон дар корҳои шахсӣ аз ҷониби директорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сабт шудааст.

“Талабаҳо дар пушти хонаам шанбегӣ доштанд”

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Директор ва як омӯзгори мактаби рақами 53-и ноҳияи Восеи вилояти Хатлон аз ҷумлаи нафаронеанд, ки дар истифодаи нерӯи хонандагон дар корҳои шахсӣ муттаҳам мешаванд. Маҳмуд Ҷумъаев, мудири ин мактаб, рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд моҳи пеш, рӯзи шанбе пас аз дарс хонандагон ба ҳашари тозакунии роҳҳои атрофи мактаб ҷалб шуданд ва панҷ тани онҳоро Абдулҳаким Соҳибназаров, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ пушти манзили зисти ӯ овард.

Ӯ гуфт, дар ҳодисае, ки охири моҳи майи имсол рух дод, худро гунаҳкор намеҳисобад, вале муҷозот шуд. “Аз пушти хонаи ман роҳ мегузарад ва онҷо дарахт шинонда шудааст. Хонандагон расида буданд, ки кормандони милиса омаданд ва онҳоро гирифта ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Ин хонандагон ба ҳашари умумимактабӣ ҷалб шуда буданд, на барои кор дар хонаи директори мактаб. Ростӣ гап, хеле зиқ шудам”, - гуфт ӯ.

Ҷумъев гуфт, ҷалби хонандагон ба ҳашарҳои умумӣ ва тозакунии атроф бахше аз кори тарбияи зебоипарастии онҳо аст ва набояд ҳамчун “истифодаи нерӯи корӣ” баҳо дода шавад. Директор мегӯяд, баъди ин моҷаро ҳарчанд хеле озурда шуд, зиёд баҳс накард ва аз пушти адвокату бозбинии парванда ҳам нашуд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зимнан, волидони хонандагоне, ки ба кор ҷалб шуданд, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ шикояте нисбат ба омӯзгорон надоранд. Бархе омӯзгорон мегӯянд, аз чунин ҷавобгариҳо гоҳе дар ҳайрат мемонанд, чунки зоҳиран марзи байни ҷинояту қонуншиканӣ ва одатҳои қабулшудаи кор бо хонандаҳо дар машғулиятҳои берунидарсӣ хеле ҳассос аст. Салим Раҳматов, як омӯзгори собиқадор мегӯяд, кумаки хонанда ба омӯзгор дар корҳое мисли ободонии атрофу боғи мактаб “як фарҳанги мардумии мо” аст, ки дар даврони Шӯравӣ ҳам вуҷуд дошт.

Ӯ гуфт, чунин корҳо дар деҳот зиёд аст ва дар бисёр мавридҳо “худи волидон писаронашонро равон мекунанд, ки рафта ба омӯзгор ёрӣ кунанд. Дар деҳот, дар вақти тобистон ин як кори маъмулӣ аст”.

Аз сӯи дигар, аз назари фаъолони ҳуқуқ, гоҳо калонсолон бо баҳонаҳои “тарбияву фарҳанг” аз нирӯи кӯдак истифода мекунанд. Корҳое ба мисли пахтачинӣ ё ширкат дар ҷамъварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, ки то даҳ соли пеш бо огоҳии маъмурияти маориф ва бо талаф шудани соатҳои дарсӣ роҳандозӣ мешуд, аз шакли бадтари ингуна намунаҳо мебошад. Ин масъалаҳо мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар буд ва соли 2009 вазорати маориф расман ҷалби кӯдакон ба корҳои саҳрову пахтачиниро манъ кард.

“Маршировка – тарбияи ватандӯстӣ”?

Вале аз нерӯи хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон дар маъракаҳои давлатӣ зиёд истифода мешавад ва дар остонаи ҷашнҳои бузурге ба мисли иди Истиқлолу Наврӯз ва Ваҳдат ҳафтаҳои дароз дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон садҳо ҷавон ба раҳпаймоиҳо мебароянд. Аммо Маҳмуд Наҷмиддинов, омӯзгори як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Вахш, ки як моҳи охир хонандагонро барои пешвози президент омода мекунад, гуфт, “истифодаи нерӯи корӣ” номидани машқҳои омодагӣ барои пешвози шахси аввали кишвар нодуруст аст.

“Ин тарбияи ватандӯстӣ ҳаст. Дар машқҳо хонандагон шеър меомӯзанд, ҳунар меомӯзанд ва онҷо ҳеҷ истифодаи нерӯи корӣ нест. Ҳисси ватандӯстии онҳо бо иштирок дар чунин чорабиниҳо баланд мешавад. Дар чунин маъракаҳо низ на ҳама хонандагон ҷалб мешаванд, балки танҳо хонандагони боистеъдод ҷалб мешаванд”, - гуфт ӯ.

Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон беш аз ду миллион хонанда таҳсил мекунанд. Маъмулан, дар хонаводаҳо дар Тоҷикистон наврасони аз даҳсола боло ҳамчун кумаккунандаи волидон дар корҳои сабук истифода мешаванд. Духтарҳо маъмулан аз хурдсолӣ дастёри модар шуда корҳои мисли рӯбучини манзил, шустушӯи табақу либос, обкашонӣ ва говдӯширо анҷом медиҳанд, писарҳо дар кори саҳрову алафчинӣ ҷалб мешаванд. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, муҳим аст, ки хонандагон ба анҷоми корҳои сангини маҷбурӣ ҷалб нашавад ва ин кор боиси аз таҳсилу фароғат дур шудани ӯ нашавад. Тарбияи насли солиму хушбахт як вазифаи муҳими волидон ва мактаб мебошад, мегӯянд онҳо.

XS
SM
MD
LG