Пайвандҳои дастрасӣ

Reuters: Пулиси Каталония аз ҳамлаи сеюм ҷилавгирӣ кард


Пулис дар саҳнаи ҳамлаи Барселона

Гурӯҳе, ки дар ду ҳамлаи Каталония даст дошт, як ҳуҷуми дигарро барномарезӣ карда буд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 18 август гузориш дод. Ба гуфтаи хабаргузорӣ, ҳамаи онҳо ба фаъоиятҳои террористӣ муттаҳам мешаванд. Муфаттишон мегӯянд, ки аъзои гурӯҳ мехостанд, ки балонҳои газро мунфаҷир кунанд.

Рӯзи 17 август мошини боркаш дар маркази Барселона тӯдаи мардумро дар гулшати Рамбла пахш кард. Дар натиҷа 13 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захм бардошт. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифт. Як ҳамлаи дигар дар бандари Камбрилс анҷом шуд. Ҷитнояткорон пиёдагардҳоро пахш ва бо пулис тирпарронӣ карданд. Як нафар кушта ва 6 тани дигар маҷрӯҳ шуд.

Мақомоти Испания рӯзи 18 август гуфтанд, ки кушта ва захмишудаҳо шаҳрвандони 24 кишвари дунё буданд.

Ҳазорҳо нафар, бо шумули шоҳ Филиппи-VI ва нахуствазир Мариано Раҳой нимарӯзи ҷумъа барои лаҳзаи сукут ба хотири қурбониён дар майдони Барселона ҷамъ шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG