Вазорати умури хориҷии Русия шоми 18-уми август бо пахши як баёния изҳори умед кард, ки ҳукми додгоҳи Тоҷикистон нисбат ба шаҳрванди ин кишвар Татяна Хужина “боадолатона хоҳад буд”. Татяна Хужина дар Тоҷикистон ба қочоқи як тангаи замони шоҳигарии Русия муттаҳам аст ва додситон барояш 6 соли зиндонро талаб кардааст.
Додгоҳи Тоҷикистон парвандаи Хужинаро аз рӯи моддаҳои "омодагӣ ба содир кардани ҷиноят" ва "қочоқи мол тавассути гумрук" баррасӣ мекунад.
Бино ба баёнияи Вазорати умури хориҷии Русия, ки аз номи сухангӯяш Мария Захарова нашр шуд, Хужина моҳи июни соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардидааст. "Татяна Хужина бо вакили дифоъ ва тарҷумон таъмин шудааст ва намояндаи сафорат дар ҳар ҷаласаи додгоҳ ширкат мекунад", - омадааст дар баёния. Вазорати умури хориҷии Русия афзудааст, "қонунгузории Тоҷикистон дар ин робита сангин аст ва барои қочоқи тангае, ки дар бозор арзишаш се-панҷ
доллари амрикоист, то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо додгоҳ бояд ин нуктаҳоро низ ба инобат бигирад, ки Хужина ин ҷиноятро бори аввал содир кардааст ва қасди баде надоштааст".
Қарор аст, ҷаласаи ниҳоии додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ин робита рӯзи 21-уми август баргузор шавад. Намояндаи додситонӣ рӯзи 18-уми август аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хост, ки шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро ба шаш соли зиндон маҳкум кунад. Додситон гуфт, “чунин талаби ӯ бо дарназардошти соҳиби духтари ноболиғ будани Татяна Хужина садо додааст”.
Хужина дар мурофиаи рӯзи 10-уми август аз суд хоҳиш карда буд, нисбат ба ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ карда шавад.
Рустам Ҳакимов, вакили дифои Хужина, рӯзи 18-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, додситон дар айни замон хостааст, иҷрои ҳукми ӯ бар асоси моддааи 78-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба таълиқ дароварда шавад. Моддааи 78-ум "мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбат ба занони ҳомила ва занонеро, ки кудакони то ҳаштсола доранд", дар назар дорад. Ин моддаи қонун нисбат ба он заноне татбиқ мешавад, ки ҷинояти махсусан вазнин содир накардаанд.
Навор аз бойгонӣ:
Татяна Хужина, ки ба қочоқи тангаи қадима дар Тоҷикистон муттаҳам аст, дар Тоҷикистон таваллуд шуда, чанд соли қабл ба шаҳри Рибински Русия кӯчидааст. Ба гуфтаи худаш, замони рухсатӣ барои дидор бо наздиконаш ба Тоҷикистон омада буд, вале рухсатиаш ба дардисар печид. Қаблан Татяна Хужина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки тангаҳои қадимиро бо худ аз Русия оварда буд, аммо ҳоло барои исботи он дасти кӯтоҳе дорад.
"Чун ҳангоми вуруд ба Тоҷикистон дар ин бора ба мақомот чизе нагуфта будам. Ҳоло мақомоти тоҷик даъво доранд, ки ин танга арзиши фарҳангиву таърихӣ доранд ва барои дубора ба Русия бурдани он монеъ мешаванд", - афзуд ӯ.
Нахустин шуда дар бораи қазияи Татяна Хужина мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар доданд. Дар хабарномаи онҳо гуфта шуд, ки рӯзи 18-уми июни соли равон ҳангоми сафар ба шаҳри Маскав дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ин шаҳрванди Русия аз ҷониби мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон боздошт шуд.
Ҳафтаи ҷорӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, сиккаи пайдошуда аз ҷайби Татяна Хужина дар ҳақиқат дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ мебошад. Ибодулло Машраб, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 16-уми август дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, баҳои мутахассисони вазорат ба ин танга аз рӯи воқеият мебошад.
Ба таъкиди муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон, “як сиккаи барои ташхис пешниҳодгардида дорои қимати таърихию фарҳангӣ, нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ва осорхонавӣ мебошад ва мутахассисони вазорат аз рӯи воқеият ба он баҳо додаанд.”
Татяна Хужина дар мурофиаи рӯзи 10-уми август аз суд хоҳиш карда буд, ки бо назардошти духтари ноболиғ доштанаш нисбат ба ӯ ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ карда шавад. Ҳоло рӯшан нест, қарори ниҳоии додгоҳ нисбат ба ӯ аз чӣ иборат хоҳад буд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳодисаҳои қочоқ шудани ашё ва осори фарҳангиву таърихӣ аз Тоҷикистон ба хориҷа солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ё даврони бесарусомониҳо зиёд рух медод. Дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ соли 2010 Музаффар Азизов, раиси шӯъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва осори фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфта буд, аз ибтидои солҳои 90-ум аз Фарҳангистони улум 150 нигораи атиқии моли Тоҷикистон рабуда ва қочоқ шуд ва то ҳол сарнавишти ин осор маълум нест. Он замон аз Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод тангаҳо, мусаввараҳо ва дигар ашёҳои фарҳангӣ ба сирқат бурда шуданд.