Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Чеченистон: "Зелимхон баъд аз муддате зоҳир мешавад"


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ва овозхон Зелимхон Бақоев
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ва овозхон Зелимхон Бақоев

Вазири Чеченистон дар умури сиёсати миллӣ ва равобити хориҷӣ Ҷамбулат Умаров хабарҳои матбуотии дар Грозний нопадид шудани овозхони шинохта Зелимхон Бақоевро "ҳарза" унвон кард. Шабакаи телевизионии РБК рӯзи гузашта аз қавли Умаров гуфт, ки овозхон "баъд аз муддате зоҳир мешавад." Вазир нагуфт, ки ҳоло Бақоев дар куҷост.

Зелимхон Бақоевро рӯзи 8 август нафароне дар Грозний боздошт карданд, ки дар тан либоси низомӣ доштанд. Хабари нопадид шудани ӯро чанд манбаъ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Зелимхон Бақоев овозхони ҷавон вале шинохта аст, ки дар саҳнаҳои Ингушистон, Доғистон ва Маскав ҳунарнамӣ мекард. Манбаи Радиои Озодӣ мегӯяд, ки мақомоти Чеченистон овозхонии ӯро дар ҷумҳурӣ манъ карданд, зеро ба назари онҳо таронаҳои Зелимхон аз ончӣ мардум дар ин ҷо гӯш мекунад, бисёр фарқ мекунад.

XS
SM
MD
LG