Пулиси Афғонистон дар рустои Мирзо Оланг, макони даргирии ахир бо Толибон ва ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" гурҳои дастаҷамъиро бо камаш 36 ҷасад ошкор кард. Пулис дар ин бора рӯзи 16 август хабар дод.
Сухангӯи волии вилояти Сари Пул Забиҳуллоҳ Амонӣ гуфт, ки дар як гур 28 ҷасадро ёфтанд ва гури дигар 8 ҷасад дошт.
"Сари бисёр кушташудаҳо аз тун ҷудо буд" - гуфт Аминӣ ва афзӯд, ки ҳамагӣ, ба истиснои се бачаи аз 8 то15 сола, мардҳо буданд.
Ба гуфтаи сухангӯи волӣ, гури сеюм дар минтақаи таҳти назорати Толбион ҷойгир аст. Ӯ мегӯяд, ки пулис гурҳои эҳтимолии дигарро ҷустуҷӯ мекунад.
Рӯзи 16 август сокинон ҷанозаи якчанд қурбонии ҳамларо баргузор карданд.
Дафтари волии Сари Пул мегӯяд, ки то ҳол ҳалокати камаш 62 нафар дар ҳамла ҳафтаи гузашта ба рустои Мирзо Оланг тасдиқ шудааст ва ин рақам бештар мешавад.
Кумиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон мегӯяд, бар пояи санҷишҳои пешакӣ, Толибон ва ДИИШ, ки маъмулан душмани ҷонии якдигар ҳисоб мешавад, дар ин ҳамла якҷо амал кардаанд.
Гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки ҳамларо танҳо анҷом дода, ягон сокини мулкиро накуштаст.
Гурӯҳи даҳшатафканди "Давлати Исломӣ" рӯзи 14 август дар як изҳорот эътироф кард, ки ба ҳамла раҳбарӣ мекард ва ҳудудан 54 мусалмони шаъаро ба ҳалокат расонд. Шиъаҳо аз ақалиятҳои Афғонистон буда, бисёр вақт мавриди ҳамлаи ДИИШ қарор мегиранд.