Масъулони ширкати "Телеком технолоҷӣ" мегӯянд, ки қатъи интернет дар Тоҷикистон, дар пайи садамаи як мошини борбари "Дулан" дар маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ба вуҷуд омад. Як масъули ширкати "Телеком технолоҷӣ" рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки садамаи рӯзи гузашта ҳудуди 200 метр ноқилҳои интернетгузарро тахриб намуд ва ҳамин тавр интиқоли интернет аз соати 17:00 то 22:00 дар кишвар қатъ гардид. Ба гуфтаи манбаъ, дар пайи пеш омадани ин мушкил, мутахассисони фаннии ин ширкат ҳамроҳ бо муҳандисони ширкати "Тоҷиктелеком" ба ҷои ҳодиса рафтанд ва сими интернетро барқарор карданд.
Бархе аз муштариёни ширкатҳои мухобиротӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки баъд аз зуҳри 15-уми август дастрасӣ ба Интернет якбора маҳдуд шуд. Як намояндаи ширкати “Интерком” рӯзи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин вазъ дар пайи садамаи истгоҳ ё ноқилҳои интернетгузар дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба вуҷуд омадааст. Ӯ гуфт, “ба ин далел дар шимоли кишвар тақрибан интернет нест. Дар маркази Тоҷикистон ва минтақаҳои дигар муштариёни баъзе ширкатҳо ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ доранд.”
Дар пай муштариёни ширкатҳои "Интерком" ва "Телеком Технолоҷӣ" куллан аз дастрасӣ ба интернет маҳрум шуданд. Бино ба қавли муштариёни Бабилон, Мегафон ва Тселл, онҳо ба интернет дастрасӣ доштанд, аммо суръати интернет хеле заиф шуда буд.
Тоҷикистон интернетро асосан аз Қирғизистону Чин мегирад.