Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Квотаи шаҳрвандони Русия барои зиёрати Ҳаҷ афзоиш ёфт


Идораи муфтиёти Русия гуфт, ки Арабистони Саудӣ квота ё саҳмияи мусалмонони ин кишварро барои иштирок дар маросими Ҳаҷҷи имсола ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст.

Рушан Аббосов, муовини раиси Идораи муфтиёти Русия, рӯзи 11-уми август ба хабарнигорон гуфт, ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки русҳо барои иштирок дар ин маросим алоқамандии зиёд нишон доданд.

Ба гуфтаи ӯ, имсол 23 ҳазору 500 шаҳрванди Русия барои адои маросими Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ хоҳанд рафт. Оқои Аббосов афзуд, соли гузашта 16 ҳазор мусалмони Русия тавониста буданд дар ин маросим иштирок кунанд.

Қаблан Русия эълон карда буд, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷику узбак ва қирғиз низ метавонанд бо истифода аз квотаи Русия ба Ҳаҷ бираванд.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар барои адои маросими Ҳаҷ ба Маккаву Мадина мераванд. Ба далели навбати тӯлонӣ дар баъзе аз минтақаҳои кишвар, мақомот сафари афроди то 40-соларо барои зиёрати Ҳаҷ манъ карда ва гуфтаанд, ки ҳаадаф аз ин тасмим роҳкушоӣ ба кӯҳансолон аст.

XS
SM
MD
LG