Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи қатор дар Миср 42 нафар ҷон бохтанд


Дар натиҷаи бархӯрди ду қатор (поезд) дар шаҳри соҳилии Искандарияи Миср 42 нафар ҷон бохта, беш аз 120 тани дигар захмӣ шуданд. Ҳодиса рӯзи 11-уми август иттифоқ афтодааст.

Бино ба гузоришҳо, яке аз ин қаторҳо аз шаҳри Қоҳира ва дигаре аз Порт-Саид баромада, ҳарду ба самти Искандария ҳаракат доштанд.

Телевизиони давлатии Миср аз қавли Вазорати нақлиёти ин кишвар гуфт, вагони яке аз қаторҳо хароб шуда, дар хатти роҳи оҳан истода буд ва боис ба садама гардид.

Дар солҳои охир садамаи қатор дар хатти роҳи оҳани Миср афзоиш ёфтааст. Чаҳор сол пеш дар натиҷаи бархӯрди як қатор бо автобусе беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG