Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди президент: муҷозоти ронандаҳои маст сангин мешавад


Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарҳи чанд тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба баррасии Маҷлиси намояндагон фиристод. Пешниҳоди президент ин аст, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин шадидтар шавад. Дар хабари сомонаи раиси ҷумҳур, ки рӯзи 11-уми август ба нашр расид, гуфта мешавад, бинобар тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 50-уми Кодекси ҷиноӣ, шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунад то 20 сол аз ҳуқуқи идораи мошин маҳрум шаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар моддаҳои марбут ба ронандагии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ ҷазоҳо саттхтар шуда, муҳлати маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронадагӣ аз 2 то 10 сол боло бурда мешавад. Дар сурати аз сӯи порлумон тасвиб шудани ин тағйирот ба қонун, ҷавобгарӣ барои рондани мошин бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ низ ба маротиб сахтар мешавад.

Президент пешниҳод кардааст, ки андозаи ҷарима барои ронандаҳои бешаҳодатнома аз 150-250 сомонӣ ба 12 ҳазору 500 сомонӣ боло бурда шавад. Дар ҳамин баробар ҷаримаи дар ҳолати мастӣ ва ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин аз 2500-3500 сомонии қаблӣ то ба 20 ҳазор сомонӣ боло бурда мешавад.

Пешниҳоди сахттар кардани ҷазо барои ронандагони маст ва ё худсар дар ҳоле нашр мешавад, ки дар раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқташ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи июн эълон кард, ки аз соли 2010 то имрӯз 10,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода 3300 хонадонро мотамдору кӯдаконро ятим кард. Президент ба таври вижа ба масъулияти риояи қонунҳо аз ҷониби мақомдорон ва фарзандонашон таъкид кард.

Матбуот дар чанд соли охир паёмадҳои садамаҳои пурсару садо бо ширкати фарзандони мақомоти баландпояро пайгирӣ кардааст, ки омилонашон аксаран бо ҷазои сабук аз масъулият раҳо шуданд. Матубот дар Тоҷикистон дар мавриди садамаҳои маргбор бо ширкати Одил Шарифов, муфаттиши Кумитаи амният, Фируз Саидов, писари муовини нахуствазир Давлаталӣ Саидов ва Расули Амонулло, писари собиқ раиси Идораи роҳи оҳан Амонулло Ҳукумов гузориш додан буданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди оташбаси фаврӣ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00
XS
SM
MD
LG