Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико сафари Путин ба Абхозистонро маҳкум кард


Мулоқоти Путин бо Хадҷимба

Иёлоти Муттаҳида сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Абхазистони ҷудоихоҳро, ки 8 август сурат гирифт, "ғайри қобили қабул" донист. Департаменти давлатии ИМА гуфт, ки сафари Путин ба "қаламравҳои ғасбшудаи Гурҷистон аз сӯи Русия" хилофи Мубоҳисаи Женева дар мавриди ҷанги Гурҷистон аст.

Департаменти давлатӣ аз Русия хост, ки "ягонагии марзӣ ва истиқлолияти Гурҷистонро эҳтиром" кунад ва нерӯҳояшро ба мавзеҳое, ки то низоъи соли 2008 мустақар буданд, ақиб бикашанд. ИМА ҳамзамон талаб дорад, ки Москва эътирофи мустақилияти Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро бознигарӣ кунад.

Ҷанги маъруф ба "панҷрӯза" баъди нисфишабии 8 августи соли 2008 шуруъ шуд. Гурҷистон дар ин ҷанг 412 нафар талаф дод ва аз ҷониби Русия 67 низомӣ кушта шуд. Ба думболи ин Русия ду қаламрави ҷудоиталаби Гурҷистон - Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ҷумҳуриҳои мустақил эътироф кард.

Абхозистонро ҳамчун "давлати мустақил" ба ҷуз Русия чаҳор давлати ҷаҳон - Никарагуа, Венесуэла, Ҷумҳурии Науру ва Ҷумҳурии Вануата эътироф карданд. Созмони Милали Муттаҳид Абхозистонро бахши қаламрави Гурҷистон медонад. Сиёсатмадорони Гурҷистон мегӯянд, ки Русия ин порчаи хоки Гурҷистонро "ишғол" кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG