Пайвандҳои дастрасӣ

"Пикассои кӯчак" дар Белград намоишгоҳ баргузор кард


Фарҳод Нурӣ, писараки 10 солаи афғон, ки "Пикассои кӯчак" ном гирифтааст

Паноҳандаи 10 солаи афғон Фарҳод Нурӣ, ки бо номи "Пикассои кӯчак" машҳур шудааст, 9 август наққошиҳо ва аксҳои худро дар Белград ба намоиш гузошт, то маблағи ҷамъшударо барои кӯдакони гирифтори саратон сарф кунад.

Фарҳод Нурӣ, ки ҳамроҳ бо волидон ва бародаронаш 18 моҳ дар кампи паноҳандагон зиндагӣ кардааст, бо тасвири Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, Салвадор Далӣ - наққоши суреалист ва дигарон ба ситораи матбуоти маҳаллӣ табдил шуд.

Хонаводаи Нурӣ ҳамроҳ бо мавҷи бузурги паноҳандагон барои оғози як зиндаги беҳтар дар Аврпуои Ғарбӣ ба Сербистон ворид шуд, аммо соли гузашта ба думболи баста шудани роҳи аслии муҳоҷират аз Балкан ба ба самти кишварҳои Аврпуои ғарбӣ, дар Белград дармонд.

Ҳунари фавқулоддаи нақошии Фарҳод Нурӣ дар ҳоле ошкор шуд, ки созмонҳои хайрия дар кампи паноҳандагон ва муҳоҷирон як семинар ташкил карданд.

Бунёди Паноҳандагон, як созмони хайрияи маҳаллӣ гуфт, ки Фарҳод Нуриро барои тақвияти ҳунараш ба мактаби наққошӣ ва суратгирӣ фиристод ва ӯ қарор кард, ки дастмузди худро ба бачаҳои бемори Сербистон хайр кунад.

"Мо ҳама бе некӣ ниёз дорем"- мегӯяд Фарҳод Нурӣ.

Мақомоти Сербистон мегӯянд, ки нисфи 4 ҳазор паноҳандаи кишвар кӯдакон ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG