Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кореяи Шимолӣ барномаи ҳамла ба пойгоҳҳои Амрикоро ваъда дод


Сарбози Кореяи Ҷанубӣ ҳангоми тамошои фосилаи байни Кореяи Шимолӣ ва ҷазираи Гуам
Сарбози Кореяи Ҷанубӣ ҳангоми тамошои фосилаи байни Кореяи Шимолӣ ва ҷазираи Гуам

Фармондеҳии артиши Кореяи Шимолӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, ки барномаи ҳамлаи пешгиранда ба ҷазираи Гуами Уқёнуси Ором, макони пойгоҳҳои Амрикоро, то миёнаҳои моҳи август ба поён мерасонад.

Пхенян мегӯяд, ки мушакҳои миёнапавози "Хавасон-12" ба партоб омода мешаванд. Аз рӯи барнома ин мушакҳо бояд аз фарози Ҷопон парвоз кунанд ва дар фосилаи якчанд километр аз Гуам ба об сарозер шаванд. Мақомоти Кореяи Шимолӣ мегӯянд, барномаи мушакии онҳо танҳо барои пешгирии нерӯҳои Амрико дар минтақа равона шудааст.

Рӯзи гузашта Ҷим Мэттис, раҳбари Пентагон аз Кореяи Шимолӣ даъват кард, ки аз коркарди силоҳи ҳастаӣ даст кашад ва аз худинзивоӣ" берун шавад. Пеш аз ин президенти Амрико қавл дод, ки ба ҳар таҳдиди Пхенян бо "оташу хашме посух хоҳад дод, ки назирашро ҷаҳон надидааст". Ҳушдори раҳбари Кохи Сафед ба думболи изҳороти Пхенян пахш шуд, ки гуфт, Кореяи шимолӣ ба бунёди кулоҳаки ҳастаӣ даст ёфт.

XS
SM
MD
LG