Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбоз наврасро наҷот дод, вале худ тӯъмаи мавҷи дарё шуд


Марзбони тоҷик Бахтовар Азимов як писарбачаи 10-соларо аз ғарқ шудан наҷот дода, аммо бинобар маҷрои тези об, худ ба ҳалокат расидааст. Аз дафтари матбуоти Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса нимарӯзи 4-уми август рух додааст. "Сарбози қаторӣ Азимов Б, писарбачаро наҷот медиҳаду мавҷи тезу тунди об, мутаассифона ӯро ба ҳалокат мерасонад",-гуфт Сарраёсати марзбонии КДАМ.

Ба гуфтаи манбаъ, Бахтовар Азимов дар Дидбонгоҳи марзии "Сайёд"-и қисми марзбонии "Ҳамадонӣ" адои хизмат мекард ва баҳори соли ҷорӣ бо хоҳиши худ аз Хуҷанд ба хизмати аскарӣ рафта буд. Сарраёсати марзбонии КДАМ мегӯяд, масъулини ин қисми марзбонӣ тасмим гирифтанд, ки барои маъракаҳои ин сарбоз, кӯмаки моддии худро расонанд.

XS
SM
MD
LG