Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рейд"-и имомҳои қирғиз дар фурӯшгоҳҳои нӯшокиҳои спиртӣ


Имомҳои қирғиз мавҷудияти шаробро дар дӯконҳо тафтиш мекунанд
Имомҳои қирғиз мавҷудияти шаробро дар дӯконҳо тафтиш мекунанд

Дар ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон руҳониёни ҷамоатҳои "Марказ" ва "Майдон" ба фурӯшгоҳҳои шаробфурӯшӣ рафтанд ва аз моликони онҳо даъват карданд, ки аз фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ даст кашанд.

Онҳо ба фурӯшандаҳо гуфтанд, ки Ислом шаробнӯширо, ҳамчун маводе, ки бадбахтӣ меорад, манъ кардааст. "Хоҳиш карданд, ки агар имкон бошад, ин навъи нӯшокиро дигар нафурӯшем. Соҳибони фурӯшгоҳҳо низ ваъда доданд, ки минбаъд намефурӯшанд", - гуфт Айтқул, як фурӯшандаи дӯкони шароб.

Ба гуфтаи Айтқулов, имомҳо тасмим доранд, ки маъракаи худро идома диҳанд. Ӯ мегӯяд, баъди суҳбати имомҳо бештари мағозаҳо фурӯши нӯшокиҳои спиртиро қатъ кардаанд.

Пештар аз имомҳо бо раҳандозии рейдҳо дар Қирғизистон шишаҳои шаробро шикастанд ва фурӯшандаҳоро ҳушдор доданд.

XS
SM
MD
LG