Пайвандҳои дастрасӣ

Рамазон Қодиров: Кремлин хӯҷаин дорад ва хӯҷаинаш Путин аст


Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба пешгӯии сиёсатшинос Глеб Павловский, ки ӯро аз ҷойгузинҳои эҳтимолии Путин дар оянда хондааст, посух дод.

Глеб Павловский рӯзи 7 июл дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии "Дождь" Қодировро аз довталабони аслии Кремлин унвон кард.

"Баъди як-ду сол масъалаи назорат ба "пакети Кремл" матраҳ мешавад ва ба назари ман Рамазон Қодиров аз довталабони аслӣ хоҳад буд", - гуфт Павловский.

Раҳбари Чеченистон тавассути паёмрасони "Телеграм" ба Павловский посух дод ва гуфт, "ҳамаи мутафаккирони дурӯғин, ки дар масъалаи раҳбари ояндаи Кремл назар медиҳанд, бояд як нуктаро аз ёд кунанд, ки маъмурияти Кремл хӯҷаин дорад, хӯҷаинаш президент Путин аст ва мо аскарони пиёдаи ӯ ҳастем."

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG