Пайвандҳои дастрасӣ

Роман Абрамович ва Дария Жукова аз ҳам ҷудо мешаванд


Роман Абрамович -султони сарвати Русия

Миллиардери рус Роман Абрамович ва ҳамсари ӯ тарроҳ Дария Жукова эълон карданд, ки аз ҳам ҷудо мешаванд.

"Баъди 10 сол зиндагии муштарак, мо як тасмими бисёр душвор гирифтем, ки аз ҳам ҷудо шавем, вале дӯсти якдигар, волидони ду бачаи олиҷаноб ва коршарики тарҳҳое боқӣ бимонем, ки бо ҳам оғоз кардем ва пеш бурдем"- омадааст дар изҳороти ин ҷуфт, ки шабакаи телевизионии РБК рӯзи 7 август пахш кард.

Сухан пеш аз ҳама дар бораи осорхонаи ҳунарҳои муосир, бо номи Гараж" дар маркази ҷазираи Голландияи Нав дар Санкт Петребург аст.

Роман Абрамович, ҳамраиси ширкати "Сибнефт" ва ширкатҳои бузурги дигари Русия, аз "хонавода"-и олигархҳои наздик ба раиси ҷумҳури пешин Борис Елтсин буд. Ӯ намояндаи мардумӣ дар Думаи давлатӣ ва ҳамчунин волии ҳавзаи мухтори Чукотск буд. Абрамович солҳои ахир дар Лондон зиндагӣ мекунад ва молики клуби футболи "Челсӣ" аст.

Дария Жукова аз солҳои 1990 дар Лондон ба сар мебурд ва соли 2005 дар ҳамин шаҳр бо Роман Абрамович шинос шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG