Пайвандҳои дастрасӣ

Имшаб дар Тоҷикистон "Моҳтобро мегиранд"


Шоми 7 август дар ҳудуди Тоҷикистон ҳам падидаи гирифтани Моҳ мушоҳида хоҳад шуд. Ба гуфтаи нуҷумшиносони тоҷик, оғози гирифтани Моҳтоб тахминан соати 22:24 ва анҷоми он 22:49 дақиқа ба вақти Душанбе сурат мегирад.

Донишмандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳодисаи гирифтани Моҳ ва Офтоб як амри маъмулӣ буда сари ҳар чанд вақт рух медиҳад.

Хурсанд Ибоддинов, раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи 7-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин ягон ҳодисаи фавқулодда нест ва дар илми нуҷум ин ҳодиса ҳисоб карда мешавад ва вақту соату дақиқаву сонияаш маълум аст. Барои ҳамин мардум набояд ба воҳима биафтанд."

Ҷаноби Ибоддинов афзуд, ки гирифтани Моҳу Офтоб як ҳодисаи оддии табиии нуҷумӣ аст ва ҳар сол такрор мешавад ва эҳтимол дорад дар як сол то 7 маротиба сурат гирад.

Раиси Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар робита ба нигарониии бархе инсонҳо аз ин ҷараён гуфт, ки ин ҳодиса ба саломатии инсонҳо ҳеҷ зарар надорад.

Гузоришҳои видеоӣ

Фирори садҳо зану кӯдаки ҷиҳодиён аз урдугоҳи Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00
XS
SM
MD
LG