Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурод Хол аз мақоми раҳбари Саридораи геология истеъфо дод


Мурод Хол чор сол дар ин вазифа кор кардааст
Мурод Хол чор сол дар ин вазифа кор кардааст

Заробиддин Файзуллозода бо як қарори президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 август раҳбари Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. З.Файзуллозода аз ин пеш дар мақоми муовини раиси вилояи Суғд оид ба саноат ва энергетика кор кардааст.

Ин вазифаро то имрӯз Мурод Хол бар дӯш дошт. Дар шарҳи сабаби аз мақом озод шудани Мурод Хол, ки давоми чор сол ин вазифаро ишғол кардааст, “гузаштан ба вазифаи дигар” гуфта мешавад. Ҳанӯз мақоми нави ӯ мушаххас нест.

Дар замони раҳбарии Мурод Хол давоми се сол додани иҷозатномаи фаъолият дар конҳои кишвар қатъ шуда буд. Баъдан дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки ин тасмим ба фиребкории баъзе ширкатҳои хориҷии, ба қавли ӯ, “беномус” рабт дорад. Ӯ гуфта буд, ки ҳоло 90 кон барои истифода омода аст ва ҳукумати Тоҷикистон баъди ҷиддан баррасӣ кардани санади ширкатҳои довталаб барояшон иҷозаи кор хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG