Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба қарори Русия дар бораи ихроҷи дипломатҳо посух медиҳад


Рамзи Департаменти давлатии ИМА

Вашингтон ба қарори Маскав дар бораи кам кардани шумори кормандони намояндагии дипломатии Амрико дар Русия, то 1 сентябр посух медиҳад. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон дар саммити Эътилофи кишварҳои Ҷанубу Шарқи Осиё дар Манила хабар дод.

Тиллерсон гуфт, кишвараш ҳанӯз дақиқ накардааст, ки табиати ин посухҳо чи гуна хоҳад буд. Котиби давлатии ИМА ҳамзамон илова кард, ки Русия "ба омода будан" барои гуфтугӯҳо атрофи вазъи Украина ишора кард ва Вашингтон омодааст, ҳамкориро бо Москва идома диҳад.

Рӯзи якшанбе дар Манила котиби давлатии ИМА бо вазири корҳои хориҷии Русия суҳбат дошт. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон ҷузъиёти чораҳои ҷавобии Маскав, дар посух ба таҳримҳои нави Вашингтонро шарҳ дод.

Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 28 июл хабар дод, ки шумори ҳайати дипломатии ИМА, бо шумули кормандони техникӣ дар ин кишвар то ба 455 нафар кам карда шуд. Москва истифодаи бӯстонсарои сафорати Амрикоро дар "Серебряний Бор" ва анбори иншоотро барои дипломатҳои амрикоӣ низ манъ кард.

Кремл гуфт, ин посух ба қонуни Конгресс дар бораи афзоиши таҳримҳои ИМА зидди Русия аст, ки 27 июл ба тасвиб расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG