Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Тавсифи Шавкат Мирзиёев аз Ҷӯрабек Муродов

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, дар суханронии ду рӯзи пеш аз ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов ном бурда, аз сухангӯӣ ва овозхонии, ба қавли ӯ, ҳаяҷонангезаш тавсиф кард.

Мирзиёев рӯзи 3-юми август дар мулоқот бо аҳли зиёи Узбакистон гуфт, ки овозхонии Ҷӯрабек Муродовро дар маросими бахшида ба садсолагии ҳунарманди машҳур Комилҷон Отаниёзов дар Хоразм бозавқу ҳаяҷони тамом гӯш кардаанд.

Ҷӯрабек Муродов рӯзи 5-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, охири моҳи июли имсол дар маъракае бахшида ба бузургдошти овозхони машҳури узбак Комилҷон Отаниёзов дар Хоразм иштирок кард. Ӯ гуфт, ки дар ин маърака ҳунармандон аз Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон низ ҳузур доштанд.

Ҷӯрабек Муродов бо овозхони маъруфи узбак Шералӣ Ҷӯраев. Акс аз бойгонӣ
Ҷӯрабек Муродов бо овозхони маъруфи узбак Шералӣ Ҷӯраев. Акс аз бойгонӣ

“Дар рӯзи ифттитоҳи нишаст ба ман сухан доданд. Ман дар навбати худ чанд суруди тоҷикиро, ки ба дӯстии мардуми ду ҳамсоя ва кишварҳои дигари минтақа бахшида шудааст, иҷро намудам. Аз президенти Узбкистон ташаккур мекунам, ки номи бандаро зикр карда, дар ҳаққи мо ҳарфҳои нек ба забон овардааст”, - афзуд ӯ.

Дар як навори видеоӣ дар Ютуб ҳам дида мешавад, ки Ҷӯрабек Муродов дар суханронии худ дар Хоразм шеъри “Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон”-и Рӯдакиро хонда, ба дӯстии сокинони минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намудааст.

Тоҷикистону Узбакистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев каме об шуд.

Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор менамоянд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Сангалӣ Камолов куҷост? Пайвандонаш мегӯянд, корманди ОМОН дар роҳ ба Рӯшон "гум шуд"

Сангалӣ Камолов. Аксро наздиконаш фиристоданд

Наздикони як корманди ОМОН, дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ӯро ҷустуҷӯ доранд.

Онҳо мегӯянд, Сангалӣ Камолов рӯзи 20-уми майи имсол бо баъзе аз ҳамкоронаш ба самти ноҳияи Рӯшони ВМКБ рафт, "аммо дар роҳ бедарак шуд".

Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ шаби 21-уми май ба дарё ғарқ шуд, вале онҳо бовар надоранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон то кунун дар бораи нопадид ё ғарқ шудани кормандони ОМОН ба таври расмӣ иттилоъ надодааст.

Ба нақли пайвандони Сангалӣ Камолов, бо ӯ як нафари дигар низ ғарқ шудааст, вале маълум нест дар дохили мошин дар умум чанд афсари ОМОН буданд ва сарнавишти дигарон чӣ шуда.

Як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ ба Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми май иддао кард, ки "7 корманди нерӯҳои таъиноти махсуси ВКД дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд".

Шӯҳрат Камолов, бародари Сангалӣ Камолов, рӯзи 23-юми май дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хабари ғарқ шуданаш чандон бовар надоранд.

"Муовини вазир даъват кард ва хабар дод, ки Сангалӣ бо мошин ба дарё ғарқ шудааст. Изҳори ҳамдардӣ кард. Борҳо ба вазорат занг зада, хоҳиш кардем, ки аз ҷараёни ҷустуҷуи ӯ огоҳ шавем, вале посух надоданд," – гуфт ӯ.

Ба нақли бародараш, Сангалӣ Камолов як сол пеш ба ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ворид шуда, ҳамчун ронанда кор мекард.

Вазъ дар ноҳияи Рӯшон рӯзи 17-уми май ва баъди он печида шуд, ки гуруҳе аз сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳи низомиёнро аз Душанбе ба самти Хоруғ бастанд.

Мақомот 18-уми май гуфтанд, дар онҷо амалиёти "зиддитеррористӣ" мегузаронанд ва норозиёнро аъзои гуруҳҳои ғайриқонуние номиданд, ки ба гуфтаи онҳо аз хориҷ барои ноором кардани кишвар дастур мегирифтанд.

Мардум мегӯянд, ҳеч аслиҳае надоштанд ва танҳо ба пуштибонии ҳуқуқи худу пешгирӣ аз даргирии бештар дар Хоруғ роҳро баста буданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар ноҳияи Рӯшон 9 кас, аз ҷумла 1 сарбоз кушта ва 24 кас, аз ҷумла 13 сарбоз захмӣ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, 21 ҷасад гирифтанд. Баъзе аз пойгоҳҳо дар бораи 25 кушта гузориш доданд.

Дар баёнияи Созмони Милали Муттаҳид омадааст, манобеи муътамад теъдоди кушташудагонро бештар аз 40 нафар гуфтаанд. Беш аз сад нафар дастгир шуданд.

"Оҳангҳо..."-и Аниса Собирӣ дар ҷашнвораи Венгрия ҷоиза гирифт. ВИДЕО

Аксе аз Аниса Собирӣ ва кӯдакони тоҷик. Аниса Собирӣ ҳамчун аксбардор ҳам ном баровардааст

Филми Аниса Собирӣ, филмсози тоҷик дар як ҷашнвораи филму мусиқии Венгрия ҷоиза гирифт. Собирӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ рӯзи 23 май хабар дод, ки дар ҷашнвораи филму мусиқии Mediawave филми ӯ ҳангҳои даврони гузашта" ҷоизаи “Мусиқии беҳтарини филми мустанад”-и ин ҷашнвораро ба даст овардааст. Дар ин бора инчунин дар саҳифаи расмии ҷашнвора ҳам хабар дода шудааст. Аниса Собирӣ бо нашри ин хабар гуфтааст: “Бисёр шодам, ки дар чунин даврони мушкил садои кишвари мо шунида ва дар дигар нуқоти ҷаҳон хуб қабул мешавад”.

ҳангҳои даврони гузашта" соли 2021 ҳам соҳиби ду ҷоиза шуд – тобистон дар Фестивали филмҳои мустанади Sole luna festival дар Итолиё ва тирамоҳ дар ҷашнвораи байнулмилалии "Calvert Journal" ҷоизаи Филми маҳбубтарин аз нигоҳи тамошобин”-ро ба даст овард.

"Оҳангҳои даврони гузашта" филми 45-дақиқаӣ аст, ки дар бораи суннатҳои мусиқии дар ҳоли нобудӣ дар Тоҷикистон қисса мекунад.

Аниса Собирӣ як шоир, аксбардор ва филмсози ҷавон аз Тоҷикистон аст, ки солҳои охир дар Лондон таҳсилу кор мекунад. Ӯ як фаъоли ҷомеаи маданӣ ҳам мебошад ва тавассут шабакаҳои иҷтимоӣ назар ва мавқеашро дар заминаи таҳаввулоти муҳими кишвар ва ҷаҳон баён мекунад. Дар навиштаҳои ахираш ӯ хушунатҳо дар Вилояти мухтор кӯҳистони Бадахшон ва ҳам ҷанги Русия алайҳи Украинаро интиқод кардааст. Дар сӯҳбати охираш бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт: “Ҷанг ин даҳшат аст, ҳама гуна ҷанг, бо ҳар сабабе, ки набошад, дар ҳар куҷое, ки набошад, хеле даҳшатовар аст”.

Филми дигари ӯ – “Нолаи танбӯр” (Cry of Tanbur), ки соли 2018 ба намоиш баромад, даҳшатҳои ҷанги дохилии Тоҷикистонро тасвир кардааст.

Аниса Собирӣ: "Ман зидди ҷанги Русия дар Украина ҳастам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:00 0:00

Байден гуфт, Путин мехоҳад Украинаро "нобуд" кунад

Президенти ИМА Ҷо Байден дар нишасти матбуотӣ бо нахуствазири Ҷопон Фумио Кишида

Президенти ИМА Ҷо Байден ҳамтои русаш Владимир Путинро дар он гунаҳгор кард, ки мехоҳад Украинаро “нобуд” кунад ва барои ин амалаш, ба қавли Байден, “бояд дар дарозмуддат нархи” онро пардохт кунад. Байден, ки дар доираи сафари осиёиаш рӯзи 23-юми май дар шаҳри Токио буд, дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки бомбаборони зербиноҳои мадании мисли мактабу театр, беморхонаву осорхонаҳо ҳадафҳои аслии ҳуҷуми Путин ба Украина дар таърихи 24-уми февралро намоиш дод. Байден гуфт, “ба бовари ман, Путин дар талоши ин аст, ки ҳуввияти Украинаро аз байн бубарад”.

Ӯ гуфт, “ӯ онро ба даст оварда наметавонад, вале талош мекунад, ки ҳуввияти миллии онро аз байн барад”. Украина Русияро дар роҳ додан ба ваҳшоният ва содир кардани дасти кам 10 ҳазор ҷинояти ҷангӣ муттаҳам кардааст. Русия мегӯяд, ки ба муассисаҳои мулкӣ даст намезанад ва ҳамаи далелҳои ин амалҳояш “саҳнасозӣ”-ҳои украиниҳо мебошад. Пеш аз он ки Путин, ба гуфтааш, “амалиёти вижа” алайҳи Украинаро шурӯъ кунад, “давлатдории воқеии Украина”-ро чандин бор рад карда ин кишварро бахши ҷудоинопазири “таърих, фарҳанг ва муҳити равонии” Русия номидааст.

Байден гуфт, ки Путин бояд нархи “ваҳшонияташ дар Украина”-ро бипардозад, то ки, ба гуфтааш, дигар кишварҳо ба айни чунин кор даст назананд. Ин изҳороти Байденро чун ишораи мустақим ба таниш дар равобити Чину Тайван арзёбӣ карданд.

Вазири пешини Австрия аз мақомаш дар шӯрои Роснефт истеъфо дод

Августи соли 2018. Вазири корҳои хориҷии Австрия Карин Кнейссл дар ҷашни арӯсиаш дар Австрия бо президенти Русия Владимир Путин мерақсад. Путин як меҳмони даъватшуда ба ин маросим буд
Ширкати нафтии Роснефти Русия тасдиқ кард, ки собиқ вазири корҳои хориҷии Австрия Карин Кнейссл, ки дар ҷашни арӯсиаш соли 2018 президенти Русия Владимир Путин ҳам иштирок карда буд, аз шӯрои мудирони ин ширкат берун шудааст. Дар изҳороти рӯзи 23-юми маи Роснефт гуфта мешавад, ки Кнейссл се рӯз пеш ба истеъфо рафт ва ӯ ният надорад, ки мӯҳлати дуюм барои узвият дар ин шӯро талош варзад. Истеъфои ӯ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки собиқ садри аъзами Олмон Герҳард Шрёдер таҳти фишори аъзои Бундестаг аз узвият дар шӯро канор рафт. Вакилони маҷлиси Олмон гуфтанд, ки агар ӯ истеъфо надиҳад, ба хотири робитаҳои наздикаш бо Русия аз дафтари кориаш, ки аз ҳисоби андозсупорандаҳо кор мекунад, маҳрум мешавад. Кнейссл июни соли 2021 дар мақоми як мудири мустақили Роснефт тасдиқ шуд ва ин замоне буд, ки баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Маскав равобити Иттиҳоди Аврупо бо Русия пуртаниш боқӣ мемонд. Кнейссл то он замон ҳам мавриди таваҷҷӯҳ ва интиқод дар расонаҳо буд, чун аксаш ба ҳангоми рақс дар тӯй бо Путин дар соли 2018 дар бисёр нашрияҳои ҷаҳонӣ чоп шуд.

Сарбози руси муттаҳам дар қатли марди мулкии украинӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд. 2 ВИДЕО

18 май, додгоҳ. Сержанти артиши Русия Вадим Шишимарин дар гӯшаи айбдоршавандаҳои додгоҳе дар Киев

Додгоҳе дар шаҳри Киев рӯзи 23-юми май сержанти артиши Русия Вадим Шишимаринро дар вайрон кардани қонунҳои ҷанг, ҳамроҳ бо куштори барқасдонаи шахси бесилоҳ гунаҳгор дониста ӯро ба ҳукми ҳабси абад маҳкум намуд. Дар мурофиаи додгоҳӣ хости айбдоркунанда ҳам ин буд, ки фармондеҳи 21-солаи шӯъбаи 4-уми танкии дивизияи Кантемировскии вилояти Маскав ба зиндони абад маҳкум шавад.

Тафтишот гуфт, ки рӯзи 28-уми феврал серржанти рус ба сари Александр Шелипови 62-сола, сокини мулкии вилояти Сумии Украина тир холӣ кард. Шишимарин дар ҷараёни муҳокима ба гуноҳаш иқрор шуда, розӣ шуд, ки ба саволҳо посух диҳад. Шишимарин гуфт, ки ин куштор зери фишори афсарони фармондеҳаш содир шуд.

Сарбози рус дар Украина ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

Ҳамсари марди кушташуда Екатерина Шелипова гуфт, ки ба қотили шавҳараш ҳукми ҳабси абад талаб мекунад, “вале агар ӯро бо асирони “Азовстал” табдил кунанд, ман розӣ ҳастам”, гуфт ин зан. Вакили дифои Шишимарин, ки бо қарори тафтишот аз ҳуқуқи ӯ намояндагӣ кардааст, ба Би-би-си гуфт, ки ҳеҷ нафаре аз намояндагони вазорати дифоъ ё мақомоти Русия бо зерҳимояи ӯ дар тамос нашуд. Муҳокимаи Шишимарин аввалин ҳолати ба ҷавобгарӣ кашидани як низомии Русия дар Украина баъди ба хоки ин кишвар ҳуҷум кардани Маскав дар таърихи 24-уми феврал мебошад.

СММ гуфт, шумори афроди зӯран беҷошуда аз 100 миллион гузашт

Як паноҳҷӯи украинӣ
СММ рӯзи 23-юми май гуфт, ҷанги Русия дар Украина шумори нафаронеро, ки маҷбур шуданд хонаҳояшонро тарк кунанд, аз 100 миллион нафар бештар кард. Дар изҳороти UNHCR ё идораи паноҳандагони СММ гуфта мешавад, ки “Шумори мардуме, ки маҷбур шуданд аз низоъ, хушунат, поймолшавии ҳуқуқи инсон ва таъқиб фирор кунанд, дар паи шурӯи ҷанги Украина ва дигар низоъҳои маргбор аз марзи рекордии 100 миллион нафар гузашт”. Ба ин омор гурӯҳҳои гуногуни фирориён, аз ҷумла, паноҳҷӯён, афроди беҷошуда дар дохили кишварҳояшон ва берун аз он дохил мешаванд. То поёни соли 2021 фирориҳо аз ҷангҳои Эфиопия, Буркина Фасо, Мянмар, Нигерия, Афғонистон ва Ҷумҳури демократии Конго 90 миллион нафарро ташкил доданд. Баъди ҳуҷуми беасоси Русия ба хоки Украина дар таърихи 24-уми феврал, дар дохили Украина 8 миллион нафар беҷо шуда, беш аз 6 миллион нафари дигар аз хоки ин кишвар берун шуданд.

Мишел гуфт, базудӣ ҷаласаи комиссиюни аломатгузории марзи Озарбойҷону Арманистон барпо мешавад

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо рӯзи 22 май гуфт, базудӣ дар як маҳаллаи сарҳадӣ нахустин ҷаласаи комиссиюни муштарак оид ба аломатгузориву амнияти марзи миёни Арманистону Озарбойҷон баргузор мешавад. Шарл Мишел ин нуктаро баъди мулоқот бо нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Брюссел баён кард. Пеш аз мулоқоти сеҷониба оид ба таъмини сулҳ дар Қаробоғи Кӯҳӣ, Мишелу ҳар як раҳбари кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ бо ҳам ҷудогона сӯҳбате оростанд.

Мишел нагуфт, ки мулоқот дақиқан кай барпо мешавад. Арманистон тирамоҳи соли 2020 дар паи як ҷанге бо Озарбойҷон назорат бар минтақаи Қаробоғи Кӯҳиро аз даст дод. Русия, ки ба унвони миёнҷӣ дар оташбас иштирок кард, тахминан 2 ҳазор сарбозашро барои назорат аз вазъи амниятӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ ҷойгир кард. Қаробоғи Кӯҳӣ, ки давоми сӣ соли гузашта таҳти раҳбарии арманитаборҳо буд, дар сатҳи байналмилалӣ чун бахше аз Озарбойҷон эътироф мешавад.

Пашинян, ки ба таҳияи тарҳи сулҳ бо Озарбойҷон ва президент Алиев розӣ шудааст, дар ватанаш мавриди интиқодҳои зиёд қарор гирифт.

Мақомоти украинӣ: "Ба ҳеҷ гузаште роҳ намедиҳем"

Верховная рада, Киев, 22 май. Президенти Полшаву Украина - Анджей Дуда ва Владимир Зеленский ҳамдигарро ба оғӯш мекашанд

Украина пойфишорӣ дорад, ки ба ҳеҷ гузаште дар баробари Русия роҳ намедиҳад. Дар сафари ғайримунтазирааш ба Киев президенти Полша Анджей Дуда тақозо кард, ки ба ҳеҷ як талаби президенти Русия Владимир Путин розӣ нашаванд. Раиси ситоди президенти Украина Андрий Ермак дар Твиттераш рӯзи 22 май навишт: “Ҷанг бояд бо барқарор шудани тамомияти арзиву истиқлолияти Украина ба итмом расад”. Ӯ гуфт: “Ин ғалабаи мо аст. Ғалабаи ҳамаи мову ҷомеаи маданӣ. Дар ниҳояти амр, Украина ҳоло на танҳо худро дифоъ мекунад”, балки тамоми Аврупоро ҳам.

Рӯзе аз ин пеш Дуда вориди Киев шуд ва аввалин раиси ҷумҳурии як кишвари хориҷӣ гардид, ки баъди ҳуҷуми Русия ба Украина дар таърихи 24-уми феврал аз минбари парлумони ин кишвар суханронӣ кард. Дар суханрониаш дар Верховная Рада Дуда гуфт, ки то рафт бештар “садоҳои ташвишоваре ба гӯш мерасанд, ки мегӯяд, Украина бояд ба талабҳои Путин розӣ шавад. Танҳо Украина ҳақ дорад дар бораи ояндааш тасмим гирад”. Ӯ афзуд, ки ҳама гуна амале дар самти таслим кардани қаламравҳои Украина ба тамоми Ғарб осеб мерасонад ва пуштибонии қавии Полшаро аз узвияти Украина дар Иттиҳоди Аврупо баён кард.

Шиддати ҳуҷумҳо дар Украина. Талафоти ҷонии русҳо монанд ба ҷанг дар Афғонистон аст

Минтақаи Луҳанск, моҳи маи соли 2022

Рӯзи 23 май Русия ҳуҷумҳояш дар минтақаи шарқии Луҳанскро шиддат бахшид. Шаҳри Северодонетск, ки Русия мехоҳад онро ба муҳосира бигирад, мавриди бомбаборони беист қарор гирифтааст. Манобеи иктишофии Бритониё гуфтанд, ҷангҳои сахт дар шарқи Украина боиси талафоти ҷиддӣ дар миёни низомиёни рус шудааст ва мизони кушташудаҳо дар се моҳи аввали ҷанг дар Украина монанд ба даврони ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон аст. Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Украина дар изҳороте рӯзи 23-юми май гуфт, ки дар 24 соати гузашта мудофеони украинӣ ба 11 ҳамлаи душман посух доданд. Русия талош дорад бо истифода аз нирӯҳои ҳавоиаш зербунёдҳои шаҳрро хароб кунад. Серҳий Ҳайдай, раиси вилоят дар Северодонетск гуфт, ки нирӯҳои русӣ аз тактикаи нобудкунии ҳама чиз кор гирифта дар талоши пурра хароб кардани шаҳр мебошанд. Айни замон, гуфта мешавад, ки ҳаракати русҳо ба дохилтари шаҳр бо мушкил ҷараён дорад ва эҳтимол дорад, ки онҳо дар фикри як ҳуҷуми нав мебошанд. Дар минтақаи Донетск рӯзи 22 май дастикам ҳафт нафар кушта ва ҳашт кас маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора артиши Украина дар Фейсбук хабар додаат. Шаҳри дюми калонтарини Украина Харков ҳам мавриди ҳамлаҳои мушакиву гулӯлаборон қарор гирифтааст. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки айни чунин ҳолат дар шаҳрҳои Миколаев ва Запорожйе дар ҷануби Украина рӯй медиҳад.

Меҳриддин Шарифов ва Мутриба Ҳотамӣ қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон шуданд

Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни мардон ва занон, ки рӯзҳои 16-21-уми май дар шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо пирӯзии шатранҷбозони Душанбе ба поён расид.

Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар 63 шатранҷбоз (46 мард ва 17 зан) аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва пойтахти кишвар ширкат доштанд.

Дар саб
қати мардон Меҳриддин Шарифов ғолиб омад ва бо унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло сарфароз гашт. Ду шатранҷбози дигари Душанбе - Алишер Каримов барои ҷойи дувум бо медали нуқра ва Сӯҳроб Ҳамдамов, ки ҷойи севумро гирифт, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати занон Мутриба Ҳотамӣ мақоми аввалро касб намуда, барандаи медали тилло шуд. Медали нуқра насиби Рухшона Саидова аз вилояти Суғд гардид. Медали биринҷиро Лидия Антоноваи душанбегӣ азони худ кард.

Дар миёни собиқадарон узви дастаи "Хатлон-2" Ашӯр Ёрмадов ғолиб шуд. Ҳамдастааш Зурхон Ризвонов мақоми дувум, шатранҷбоз аз ВМКБ Олуча Ҷумъаев мақоми севумро касб карданд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон дар байни мардон устоди байналмилалӣ Ҷамшед Исоеви душанбегӣ ва дар сабқати занон ҳамшаҳрии ӯ Мутриба Ҳотамӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта буданд.

Сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон тирамоҳ оғоз мешавад

Акс аз бойгонӣ.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Жапаров 20-уми май дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, қарор аст, тирамоҳи соли ҷорӣ сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон оғоз шавад. Вай ин тарҳро бузургтарин дар таърихи Қирғизистон номида, хостори пуштибонӣ аз он шуд. Вале ҷузъиёти иҷрои тарҳи мазкурро ифшо накард.

Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон ҳанӯз 27-уми октябри соли 2021 хабар дода буд, ки ҳуҷҷатҳои асосӣ барои сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон таҳия шудаву охирин гуфтугӯҳо бо Узбекистон ба поён расидаанд.

"Мо мунтазири сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Чин ҳастем, аммо Пекин айни замон ба далели вабои коронавирус рафту омадро маҳдуд кардааст. Ҳамин ки маҳдудиятҳо бекор шуд, тақдири тарҳи сохтмони роҳи оҳан низ дар сафари президент ҳал мешавад. 280 километри ин роҳ аз дохили кишвари мо хоҳад гузашт, ки 57 километри он нақб хоҳад буд", - гуфта буд Оқилбек Ҷабборов.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ҳанӯз ибтидои солиҳои 2000 эълом шуда буд, аммо аз он замон то кунун амалӣ нагардидааст.

Сафири Амрико "риштарошии иҷборӣ" дар Узбекистонро маҳкум кард

Даниел Розенблюм.

Сафири Амрико дар Тошканд Даниел Розенблюм хабарҳо дар бораи "рейд"-и мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон алайҳи ришдоронро маҳкум кард.

"Пулис риши мардонро иҷборан метарошад. Амрико аз ингуна амалҳо нигарон аст", - иқтибос овардааст хабаргузории Eurasianet аз суханронии сафир Розенблюм дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд.

Ба гуфтаи сафири Амрико, нақзи озодиҳои мазҳабӣ дар Узбекистон метавонад ислоҳоти тайи панҷ соли ахир дар ин кишварро зери суол қарор диҳад.

Бино ба навиштаи Eurasianet, Департаменти давлатии ИМА моҳи декабри соли 2020 Узбекистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки ҳукуматҳояшон ба "нақзи ҷиддии озодиҳои динӣ" машғул ҳастанд, хориҷ кардааст.

Шумори қурбониёни таркиши Чимкент ба се нафар расид

Дар натиҷаи як таркиш дар таваллудхонаи шаҳри Чимкенти Қазоқистон се нафар ҷон бохта, ҳашт тани дигар дар беморхона бистарӣ шудааст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон қаблан хабар дода буд, ки дар натиҷаи ин таркиш, ки дар дорухонаи таваллудхона рух додааст, як корманди 42-сола ва кудаки 18-рӯза ҷон додааст. Дертар аз ҳалокати муҳофизи таваллудхона низ хабар дода шуд.

Таркиш тақрибан нисфирӯзии 21 май дар дорухонаи таваллудхона ба амал омадааст. Раёсати ҳолатҳои изтирории шаҳр хабар дод, ки бинои дорухона, ки дар он маводи доруворӣ истеҳсол мешуд, тахриб шудааст. Беморон ва кормандон аз таваллудхона ба ҷои амн интиқол дода шудаанд.

Ба иттилои пешакӣ, таркиш дар натиҷаи ҷамъ шудани газ сар задааст. Роҷеъ ба ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои бехатарӣ, ки боиси марги инсон мешавад" парванда боз шудааст.

Мақомоти ВМКБ ба мардум: "Дар пайдо кардани шаш ҷавони фирорӣ кӯмак кунед"

Мақомот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз сокинон ва фаъолон хостаанд барои пайдо кардани, ба гуфтаи онҳо “раҳбарони гурӯҳҳои террористӣ”-и ноҳияи Рӯшон, ки дар кӯҳҳои Вамар панаҳ бурдаанд, бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Ин дархост дар ҷаласаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов бо роҳбарону фаъолони вилоят садо додааст, ки хулосаи онро телевизиони вилоятӣ рӯзи 22 май нашр кард. Телевизион Бадахшон бо нашри ин хабар аз номи мақомот дигарбора таъкид кардааст, ки “6 ҷавони вобаста ба ҳодисаҳои ахир дар пайгард қарор дошта, бояд довталабона худро супоранд ва нисбаташон ҷазои сабук татбиқ хоҳад шуд”. Мақомот ҳамчунин аз афроди соҳибэҳтироми Бадахшон хостаанд бо сокинони маҳаллаи Хоруғи Боло сӯҳбат ва барои боз кардани роҳи мавзеи Чинак мусоидат намоянд. Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки бо дархости раҳбари Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншоҳ Назаршоев ва Раёсату идораҳои муассисаҳои дигари таълимӣ раиси вилоят барои пайваст шудани ин муассисаҳо ба интернет дастур додааст. Ба намояндаи Агентии захираҳои моддӣ дар Вилоят дастур дода шуд, ки ба деҳаҳои дурдасти ноҳияҳои Роштақалъаву Шуғнон орду равған ва дигар мавҳсулоти ниёзи аввалро интиқол диҳанд. Ин дар ҳолест, ки сокинони Бадахшон баъди ҳодисаҳои ахири Рӯшону Хоруғ аз камбуди ғизо шикоят мекарданд. ​Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки рӯзи 22 май мақомот гуфтанд, яке аз раҳбарони ғайрирасмии маҳаллӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқир кушта шудааст. Ҷузъиёти ҳодисаи кушта шудани ӯ нашр намешавад. Тибқи хабарҳои охир, нерӯҳои давлатӣ талош доранд аз ҷамъомади мардум дар назди хонаи Маҳмадбоқиров пешгирӣ кунанд. Даҳҳо нафар аз мавзеъҳои дигари ВМКБ талош доранд ба маҳаллаи Бархоруғ ворид шаванд.

Президенти Полша дар назди парлумони Украина суханронӣ мекунад

Президенти Полша Анджей Дуда дар Киев. 19 апрели соли 2022

Рӯзи 22 май президенти Полша Анджей Дуда бо як сафари ғайримунтазира вориди Киев шуд ва қарор аст ӯ аввалин раҳбари давлати хориҷие шавад, ки баъди ҳуҷуми Русия ба хоки Украина дар рӯзи 24-уми феврал аз минбари парлумони ин кишвар суханронӣ мекунад. Зимни суханрониаш дар Верховная Рада Дуда даъваташ ба узвияти Украина дар ҳайати Иттиҳоди Аврупоро такрор хоҳад кард. Дуда моҳи апрел ҳам бо президентони Литва, Латвия ва Эстония ба Киев рафта бо прузиденти Украина Владимир Зеленский гуфтугӯ карда буд. Зеленский рӯзи 21 май тахминҳои президенти Фаронса Эммануэл Макронро, ки гуфт, Украина метавонад ба шакли дигаре шарики ИА шавад, рад намуд. Зеленский дар нишасти матбуотиаш бо нахуствазири Португалия Антонио Коста дар Киев дирӯз гуфт, “мо ба чунин муомилаҳо ниёз надорем”. Ӯ афзуд: “Ба бовари мо, дар робита бо мақоми Украина дар Аврупо ҳеҷ гуна муомилае буда наметавонад. Ин як муомилаи дигаре миёни Аврупо ва Русия хоҳад буд”. Рӯзи 23-юми май Зеленский ба таври фосилавӣ дар Форуми иқтисодии Давос суханронӣ мекунад, ки дар Швейсария баргузор мешавад.

Анҷоми сафари серӯзаи Байден ба Кореяи Ҷанубӣ

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 22 май сафари серӯзааш ба Кореяи Ҷанубиро, ки бо ҳадафи беҳбуди равобити иқтисодиву амниятӣ барпо шуд, анҷом бахшид. Дар охирин нуқтаи сафараш Байден аз пойгоҳи ҳавоии Осан дидан кард. Дар ин пойгоҳ нирӯҳои амрикоӣ ва кореягӣ аз барномаҳои ҳастаӣ ва баллистикӣ назорат мекунанд. Як ҳадафи Байден намоиши ҳамраъӣ бо Сеул дар муқобили таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ мебошад. Дар давраи президентии Доналд Трамп дар Амрико то андозае ӯҳдадориҳои Вашингтон дар баробари Кореяи Ҷанубӣ зери суол рафт. Трамп, ки се дафъа бо раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун дидор кардааст, гуфта буд, ки “ошиқи” Ким шудааст. Як ҳадафи дигари Байден расидагӣ ба нигарониҳои амниятӣ дар минтақа дар фазои талошҳои афзояндаи Чин будааст. Рӯзи 22 май Байден инчунин бо раҳбари ширкати Hyundai Эюсон Чунг дидор кард. Hyundai сармоягузорӣ ба иқтисоди ИМА-ро афзоиш медиҳад. Аз ҷумла, 5,5 миллиард доллари он ба бунёди корхонаи автомобилҳои электронӣ ва батареяҳо дар аёлати Ҷорҷиаа равона мешавад. Аз ин пеш Байден дар корхонаи ширкати Samsung ҳам меҳмон шуд. Ин ширкат ният дорад дар Техас корхонаи истеҳсолие бо арзиши 17 миллиард доллар созад.

Байден аз Кореяи Ҷанубӣ ба Ҷопон сафар кард ва қарор аст бо нахуствазир Фумио Кишида дидору гуфтугӯ кунад. Рӯзи 24-уми май, пеш аз бозгашт ба Вашингтон, ӯ дар ҷаласаи чоргонаи кишварҳои шарики стратегӣ иштирок мекунад, ки ба он ИМА, Ҷопон, Австралия ва Ҳинд дохил мешаванд.

Занони ровии телевизионҳои Афғонистон бо чеҳраҳои пӯшида намудор шуданд

Барандаи ТВ "Тулӯъ"

Рӯзи 22-юми май журналистону наттоқони зан дар телевизионҳои Афғонистон бо чеҳраҳои пӯшида ҳозир шуданд. Мақомоти «Толибон» гуфтанд, ки ба занони ровиву дигар кормандони телевизион «машварат мешавад», ки чеҳраҳои худро пӯшонанд. Чанд ҳафта пеш аз ин бо як амри раҳбари олии «Толибон» Ҳайбатулло Охундзода ба тамоми занони сокини Афғонистон амр шуд, ки бо сару либоси пӯшида бигарданд. Айни чунин амрро рӯзи 21 май вазорати амри маъруф ва наҳйи мункари «Толибон» дар робита бо кормандони зани телевизионҳо ҳам содир кард. Бонувони корманди телевизионҳоро ин амр нохушнуд кард, вале ниҳоят рӯзи якшанбе барандаҳои телевизион дар Афғонистон бо ҳиҷобу рӯсарӣ намудор шуданд, ки танҳо чашмони онҳоро боз мегузорад.

Сония Ниёзӣ, барандаи телевизиони «Тулӯъ» ба Франс Пресс гуфт, «мо зидди пӯшидани ниқоб баромадем, вале раҳбарият ба мо фишор овард, ки рӯямонро пӯшонем».

Толибон августи соли 2021 назорат бар тамоми қаламравҳои Афғонистонро ба даст оварданд ва аз он замон то кунун чандин амру фармоне содир карданд, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон равона шудааст.

"Кӯҳпора фаромадааст". Баъди муддате баста шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд ҳаракати мошинҳои сабукрав иҷоза шуд

Қитъаи роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд), ки пойтахтро бо шимоли Тоҷикистон мепайвандад, баъди субҳи 22-юми май як муддат баста шуданаш, ҳоло барои ҳаракати мошинҳои сабукрав боз шудааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Далери Абдулло, сухангӯи Innovative Road Solutions – ширкате, ки масъули нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин роҳ мебошад, хабар дод.

Чанд соат пеш аз ин ширкат дар саҳифаи Фейсбукии худ хабар дод, ки ҳаракат дар роҳ пурра баста шудааст. Ба иттилои Далери Абдулло, “бориши барф аз километри 69 то 175 шадиду муттасил, омадани сел дар тамоми минтақаҳо - Варзоб, Зарафшон ва Суғд идома дорад. Сангфароӣ бениҳоят зиёд аст. Хавфи лағжиши кӯҳпора дар минтақаи Зарафшон мавҷуд аст... Кормандон ва техникаҳо сафарбар шуда, бартарафсозии паёмади ҳаводиси зикршуда босуръат идома дорад».

Ширкат аз ронандагону мусофирон даъват кардааст, ки вазъи баамаломадаро дуруст дарк карда, ба хотири амнияти ҷони худу мусофирон ва нақлиёташон ҳаракат аз ин роҳро боздоранд.

Дар шӯъбаи навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳам ин хабарро ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи навбатдор, "бале, роҳ муваққатан маҳкам шудааст. Он ҷо як кӯҳпора фаромадааст, дар баъзе ҷойҳо селоба фаромадааст". Намояндаи КҲФ гуфт, ҳеҷ иттилое дар бораи эҳтимоли осеб дидани нафаре дар ин ҳодисаҳо дар даст надоранд ва корҳои поккории роҳ идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми май масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳам бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар огоҳ карда буд, ки рӯзҳои 22 то 23-уми май дар қаламрави кишвар "ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст". Аз ҷумла, ба навиштаи ин ниҳод, рӯзҳои 21-23 май ҳавошиносон дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳоро пешгӯӣ мекунанд. Рӯзҳои 22-23 майи соли 2022 сатҳи оби рӯдхонаҳое, ки аз тариқи нишебиҳои ҷанубии силсилакӯҳҳои Ҳисор, Ёзхсӯ, Қизилсу (ҷанубӣ), Вахш, Зарафшон ва Исфара боло меравад ва хатари зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар шоҳроҳҳо, махсусан дар қитъаҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳии роҳҳо вуҷуд дорад.

Зеленский гуфт, умедвор аст ба украина системаҳои мушакиву ҳавопаймо медиҳанд

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки аз ҷаласае, ки қарор аст рӯзи 23-юми май ба хотири баррасии таъмини Украина бо силоҳи бештар барпо шавад, интизороти зиёд дорад. Ин ҷаласа бо ширкати кишварҳои ёрирасони Украина барпо мешавад. Зеленский дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи 21-уми май гуфт, интизор аст, ки дархости ӯ барои гирифтани системаҳои мушакҳои навъи MLRS ва ҳам ҳавопаймоҳои амрикоӣ қонеъ мешавад. Ҷаласаи аввал моҳи гузашта дар пойгоҳи амрикоии Рамштейни Олмон баргузор шуда буд. Зеленский гуфт, ки аз ёриҳои кишварҳои кӯмакрасон сипосгузор аст ва ҳоло интизор аст, ки ба дархости онҳо барои системаҳои мушакӣ посухи мусбат мегиранд. Ӯ гуфт, ки ин навъи силоҳ барои пешрафт дар ҷанг бо Русия ва ҳам озод кардани хоки кишвараш хеле муҳим аст. Ин суханҳои Зеленский дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия барои таҳти назорати пурра гирифтани минтақаи Донбасс наздик мешавад. Дирӯз ин кишвар корхонаи пӯлодгудозии Мариуполро ба даст овард.

Расонаҳо: Дар Украина хоҳарзодаи Юнусбек Евкуров кушта шудааст

Муовини вазири дифои Русия Юнусбек Евкуров аз минтақаи Приморйе дидан мекунад. Акс аз соли 2019

Матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки дар ҷангҳои Украина як хоҳарзодаи Юнусбек Евкуров, муовини вазири дифои Русия кушта шудааст. Адам Хамхоев писари хоҳари Евкуров буд. Евкуров ҳоло дар мақоми муовини Сергей Шойгу кор мекунад ва дар гузашта президенти Ингушистон будааст. Телеграм-канали Фортанга менависад, ки Хамхоев фармондеҳи ротаи ҳамлаи ҳавоӣ буд ва шаби 20 ба 21-уми май кушта шуд. The Magas Times гуфт, ки рӯзи 22 май ҷасади ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш - шаҳри Қаробулоғ мебаранд. Дигар расонаҳо гуфтанд, ки ҷасадро дар даромадгоҳи шаҳр дар маросими вижае пешвоз мегиранд. Вазорати дифои Русия ваё мақомот дар Ингушистон дар ин бора хабаре нашр накардаанд. "Медиазоны" бо такя ба манбаъҳои боз исми 2500 низомии русро нашр кардааст, ки марги онҳо то ин лаҳзаҳо дар ҷанг бо Украина тасдиқ шудааст. Дар изҳороти охирини моҳи марти вазорати дифои Русия омори ду баробар камтар чоп шуда буд.

Ҷониби украинӣ шумори талафот дар миёни русҳоро то 30 ҳазор нафар гуфтааст. Дар давраи ҷанг одатан тарафҳо шумори талафот аз ҷониби худро камтару аз тарафи муқобилро бештар нишон медиҳанд.

Барои ҳимояти Молдова аз таҷовузи эҳтимолии Русия чӣ чора мебинанд?

Лиз Трасс

Вазири корҳои хориҷии Бритониё Лиз Трасс мегӯяд, Молдова бояд бо силоҳҳои мувофиқ ба “стандарт ё меъёрҳои НАТО” муҷаҳҳаз карда шавад, то худро аз таҷовузи эҳтимолии Русия муҳофизат карда тавонад.

Ӯ дар мусоҳибае бо нашрияи “Телеграф”, ки рӯзи 21-уми май нашр шуд, гуфт, бо муттаҳидон дар бораи чӣ гуна ёрӣ расондан ба кишварҳои хурдтар музокирот доранд.

Трасс дар посух ба суоли ин ки оё Русия ба амнияти Молдова таҳдид мекунад, гуфт: "Комилан. Путин дар бораи ҳадафҳои худ барои эҷоди як Русияи бузургтар ошкоро гуфтааст.”

Нашрияи “Телеграф” навиштааст, манзур аз "стандарт ё меъёрҳои НАТО" ин аст, ки аъзои паймони низомӣ ба ҷойи таҷҳизоти боқимонда аз Шӯравӣ ба кишварҳо муҳиммоти нав дода, роҳҳои истифодаи онро биомӯзонанд.

Байден қонуни муҳимро барои Украина имзо гузошт

Ҷо Байден

Раисҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми май қонунеро имзо кард, ки бар асоси он ба Украина ба маблағи 40 миллиард доллар кумак карда хоҳад шуд. Ин ёриҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Украина се моҳ боз зери ҳамлаҳои Русия аст.

Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар Сеул гуфт, таҷовузи Русия ба Украина “ҳамла ба усулҳои асосии байнулмилалӣ аст”.

Тибқи қонуни нав, 24 миллиард доллар ба хариди силоҳу таҷҳизот сарф хоҳад шуд. Ин маблағ ҳамчунин пӯшонидани хароҷоти аслиҳаеро, ки Иёлоти Муттаҳида ба минтақа фиристодааст, дар бар мегирад.

Пули боқимонда ба иқтисоди Украина, кумак ба гурезаҳо ва тафтиши ҷиноятҳои ҷангии Русия сарф хоҳад шуд.

Маскав иддао дорад, ки Мариуполи Украинаро ишғол кардааст

Як сарбози Русия дар театри вайроншудаи Мариупол

Русия бо сахттар кардани ҳамлаҳо дар шарқи Украина, иддао кардаст, ки назорат бар шаҳри Мариуполро пурра ба даст гирифтааст.

Тасарруфи ин шаҳри соҳилӣ бузургтарин дастоварди артиши Русия аз оғози ҳамлааш дар моҳи феврали имсол ба Украина пиндошта мешавад. Коршиносони низомӣ ба ин боваранд, ки эълони пирӯзӣ бештар рамзӣ аст.

Русия бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии пайиҳами худ шаҳри Мариуполи Украинаро ба хок яксон кардааст. Тахминан бист ҳазор ғайринизомӣ дар онҷо кушта шудаанд

Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, рӯзи 20-уми май аз тасарруфи комили корхонаи «Азовстал», охирин мавқеи истодагарии нерӯҳои Украина дар шаҳри Мариупол, хабар дод. Вазорат гуфт, дар онҷо 2439 касро «гирифтанд».

Ҳарчанд мақомоти Украина дар ин маврид шарҳе надодаанд, президент Владимир Зеленский қаблан гуфта буд, мудофеон дастур гирифтаанд, ки аз «Азовстал» берун шуда, ҳаёти худро наҷот диҳанд.

Зеленский дертар гуфт, ҷанги Русия дар кишвараш метавонад сирф бо роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Вай дар телевизиони Украина гуфт, кишвараш метавонад, дар майдони набард пирӯз бошад, вале «ҳама чиз фақат метавонад дар мизи музокира ба таври қатъӣ ҳал шавад».

Мақомоти Русия гуфтаанд, баъзе аз асирони «Азовстал»-ро ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ муҳокима хоҳанд кард.

Коршиносони низомӣ ба ин боваранд, ки Русия ба як пирӯзӣ дар набарди Украина зарурат дошт, чун ин ҷанг баръакси тасаввури мақомоти Маскав барои ин кишвар хеле гарон тамом шуд.

Онҳо меафзоянд, эълони пирӯзӣ дар Мариупол метавонад сирф маънои рамзӣ дошта бошад, чун ин шаҳр чанд ҳафта ба ин сӯ амалан дар дасти нерӯҳои Русия буд.

Русия содироти газро ба Финландия боздошт

Gasum, ширкати давлатии Финландия, рӯзи 21-уми май гуфт, Русия содироти газро ба ин кишвари ҳамсояаш бас кардааст.

"Газпром"-и Русия гуфт, интиқоли газро ба Финландия ба хотире боздошт, ки ин кишвар пули газро ба рубли русӣ напардохта буд.

Русия пештар аз кишварҳои аврупоӣ хоста буд, пули газро ба рубл бидиҳанд.

Боздоштани содироти гази Русия ба Финландия пас аз он сурат мегирад, ки ин кишвар ҳафтаи гузашта дархостро барои пайвастан ба паймони низомии НАТО расман пешниҳод кард.

Маскав ба пайвастани Финландия ва Шветсия ба НАТО мухолифат кардааст. Ин ду кишвари аврупоӣ солҳо боз бетарафиро ихтиёр намуда буданд.

Эътирозҳо дар Амрикову Берлин бо нигаронӣ аз вазъи ВМКБ

Рӯзи 19-уми май ҳудуди 50 зодаи Тоҷикистон, ки мегӯянд, аз сарнавишти пайвандонашон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон дар ташвишанд, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон гирдиҳамоии осоишта ташкил карданд.

Яке аз иштирокдорон ба Радиои Озодӣ гуфт, талаби онҳо ин буд, ки намояндаи сафорат ба наздашон барояд ва ба суолҳояшон посух диҳад.

Ҳамингуна дар Берлини Олмон низ даҳҳо нафар бо нишони нигаронӣ аз вазъ дар вилояти Бадахшон гирдиҳамоӣ карданд. Онҳо мегӯянд, талабашонро ба намояндагии Тоҷикистон супоридаанд.

Аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст.

Дар ҷараёни даргирии сокинони норозӣ ва нерӯҳои давлатӣ дар Хоруғу Рӯшон, ба иттилои расмӣ, аз ду ҷониб 10 кас кушта ва 27 нафар захмӣ шудаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Сокинони Рӯшон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҷасади 21 нафарро ба наздиконашон додаанд.

Мақомот мардуми норозиро ба “узвият дар гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “муборизаи мусаллаҳона” айбдор карданд. Сокинон мегӯянд, танҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи худ ба кӯчаҳо баромаданд, чун моҳҳо боз зери фишору таъқиб ҳастанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG