Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико тамрини "Ғарб-2017"-и Беларусу Русияро ҷиддан думбол мекунад


Нерӯҳои Русия VS нерӯҳои Амрико
Нерӯҳои Русия VS нерӯҳои Амрико

Фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар тамринҳои Аврупо Ҷон Ҳелӣ мегӯяд, Вашингтон омодагиҳо ба тамрини муштараки низомии "Ғарб-2017"-и Русия ва Беларусро бодиққат назорат хоҳад кард.

Ҳелӣ рӯзи 3 август гуфт, Маскав ба андозаи кофӣ "шаффоф" нест, зеро нозирони байналмилалиро ба ин тамрин даъват накард. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, намояндагони Русия дар машқҳои ахири ИМА ва НАТО дар минтақаи баҳри Сиёҳ ҳузур доштанд.

Генерали амрикоӣ афзуд, ки ИМА ният дорад, дар посух ба таҳдидҳои рӯзафзуни амалҳои таҷовузкоронаи Русия соли 2018 ҳамроҳ бо ҳампаймонони худ ва НАТО 11 размоиши бузурги низомии ҳавоию баҳрӣ ва заминӣ баргузор кунад.

Пештар хабар доданд, ки дар тамрини низомии "Ғарб-2017"-и Русия ва Белорус то 13 ҳазор низомӣ ва 680 техникаи ҳарбӣ иштирок хоҳанд кард. Тамрин аз 14 то 20 сентябр идома мекунад.

XS
SM
MD
LG