Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ки Русия дар пирӯзии ӯ нақш надорад


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бори дигар таъкид кард, пирӯзии ӯ дар интихоботи президентии соли гузашта ба дахолати эҳтимолии Русия рабте надорад.

Оқои Трамп шаби гузашта дар иёлати Вирҷинияи ғарбӣ дар миёни тарафдоронаш гуфт, "бештари мардум медонанд, ки дар ситоди интихоботии мо ҳеҷ фарди русӣ набуд ва ба хотири Русия набуд, ки мо дар интихобот пирӯз шудем. Президенти Амрико тарҳи мавзӯи дахолати Русия дар интихоботи Амрикоро тавҳине ба мардум, кишвар ва қонуни асосии Амрико хонд.

Доналд Трамп пештар ҳизби демократро муттаҳам карда буд, ки барои асоснок кардани шикасти худ, масъалаи дахолати Русия дар интихоботро бардурӯғ матраҳ кардааст. Русия дахолат дар интихоботи Амрикоро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

"Ситораи Кремл" то куҷо дурахшид
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:05:19 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG