Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: равобити ИМА бо Русия то сатҳи хатарнок коҳиш ёфтааст


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп гуфт, ки равобити Вашингтон бо Маскав то сатҳи хатарнок коҳиш ёфт ва масъулияти ин ҳолатро бар дӯши Конгресс гузошт. Трамп дар ин бора рӯзи 3 август дар твиттер назар дод.

"Равобити мо бо Русия дар поёнтарин сатҳ қарор дорад ва ин хеле хатарнок аст. Ба Конгресс, ба ҳамон нафароне ташаккур бигӯед, ки моро ҳатто бо беҳдошт таъмин карда наметавонанд"- навиштааст Трамп.

Раиси ҷумҳур рӯзи сешанбе қонун дар бораи таҳримҳои нави алайҳи Русияро имзо кард. Бастаи тадбирҳои нав дар асл президентро аз ҳақи лағви қарор бидуни иҷозаи Конгресс маҳрум мекунад. Худи Доналд Трамп бар ин назар аст, ки қонун "ба салҳиятҳои ӯ дахолат кардааст." Ӯ гуфт то замоне қонуни тасвибшударо иҷро мекунад, ки агар бо Қонуни асосии Амрико дар ҳоли муғоират қарор нагирад.

Дар Кремл гуфтанд, ки таҳримҳои нави ИМА алайҳи Русия ба хушбиниҳо дар заминаи беҳтар шудани робитаҳо бо маъмурияти феълии Кохи сафед хотима гузошт.

"Алайҳи Русия ҷанги тиҷоратӣ эълон карданд"- гуфт нахуствазири Русия Дмитрий Медведев. Ба гуфти ӯ таҳримҳои зидди Русия "даҳсолаҳо боқӣ хоҳанд монд", зеро лағви маҳдудиятҳо бе иҷозаи Конгресс имконнопазир аст.

XS
SM
MD
LG