Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дожд": Алӣ Фирӯз мегӯяд, дар роҳ ба боздоштгоҳ латукӯб шудааст


Хабарнигори "НОвая газета" Алӣ Фирӯз
Хабарнигори "НОвая газета" Алӣ Фирӯз

Хабарнигори нашрияи "Новая газета" Алӣ Фирӯз (Худобердӣ Норматов), ки додгоҳи Маскав ҳукми ихроҷашро рӯзи гузашта содир кард, мегӯяд, иҷрокунадаҳои ҳукми додгоҳ ӯро ҳангоми интиқол ба боздоштгоҳи муваққатӣ латукуб карданд.

Узви комиссияи назорати ҷамъиятӣ Евгений Еникеев дар суҳбат бо телевизиони "Дожд" гуфт, ки дар шонаҳои Фирӯз осори латукӯб мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи рӯзноманигор, ӯро бо электрошокер шиканҷа доданд ва ҳамчунин таҳқир карданд.

Рӯзноманигорони Москва тасмим доранд, ки рӯзи панҷшанбеи 3 август ба ҳимоят аз Алӣ Фирӯз дар назди дастгоҳи президенти Русия намоиши эътирозӣ барпо кунанд.

Норматов рӯзи сешанбе дар пеши идораи "Новая газета" дастгир шуд. Ӯ як рӯз пеш аз болои қарори радди дархости паноҳандагияш дар Русия ба додгоҳ шикоят бурда буд. Додгоҳи ноҳияи Басмании Москва ҳукми ихроҷи Алӣ Фирӯз аз қаламрави Русияро содир кард. Хабарнигор ҳамчунин бояд барои нақзи муқаррароти будубош 5 ҳазор рубл ҷарима супорад. Кормандони додгоҳ рӯзи гузашта ӯро аз талоши худкушӣ боздоштанд.

Алӣ Фирӯз шиносномаашро соли 2012 гум кард ва барои дарёфти санади нав бояд ба ватанаш Узбакистон сафар кунад Аммо ӯ мегӯяд, агар баргардад бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт мешавад.

XS
SM
MD
LG