Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: "Зидди Русия ҷанги тиҷорӣ эълон шудааст"


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, гуфт, баъд аз эълони таҳримҳои нави Амрико умедҳои Кремл барои беҳбуди муносибат бо маъмурияти кунунии Иёлоти Муттаҳида ба поён расиданд. Ӯ рӯзи 2-юми август гуфт, “зидди Русия ҷанги тиҷории комил эълом шудааст".

Ба қавли Медведев, ин таҳримҳо даҳсолаҳо идома хоҳанд кард, зеро “хусусияти фарогир” дошта, президенти Амрико наметавонад, онҳоро бе ризоияти Конгресс лағв кунад.

Ба назари нахуствазири Русия, муносибатҳои Вашингтону Маскав новобаста аз ҳайати Конгресс ва шахсияти президенти ИМА бадтар хоҳанд шуд. Раиси ҳукумати Русия афзуд, талошҳои кишвараш барои рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоъ идома хоҳанд ёфт. "Мо аз уҳдааш мебароем", - афзуд ӯ.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков пештар гуфт, ки эълони таҳримҳои нави ИМА "дар асл чизеро тағйир намедиҳанд". Ӯ дар мавриди онки Кремл зидди Амрико чораҳои ҷавобие хоҳад андешид ё не, афзуд, "ин гуна чораҳо аллакай андешида шудаанд".

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 2 август бо имзои қонуне зидди Русия таҳримҳои нав эълом кард. Ин лоиҳаи қонунро пештар Сенати Амрико ба тасвиб расонда буд.

XS
SM
MD
LG