Пайвандҳои дастрасӣ

Reuters: Аз ибтидои соли ҷорӣ 40 низомии рус дар Сурия кушта шуд


Қабристоне, ки дар он сарбози кироя Алексей Сафонов хуфтааст

Аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун дар Сурия на кам аз чиҳил низомии Русия ва мутахассисони низомии хусусӣ кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба пайвандони кушташудаҳо ва манбаъҳои расмӣ иттилоъ медиҳад.

Хабаргузорӣ менависад, миёни кушташудаҳо 21 ҷангии ширкатҳои низомии хусусӣ, 17 низомии касбӣ ва 2 шаҳрванди Русия, ки мақомашон дақиқ нашудааст, ҳастанд. Ба ин тартиб, талафоти соли ҷорӣ нисбат ба 15 моҳи амалиёти низомии Русия дар Сурия бештар будааст. Ба навиштаи Reuters, аз оғози амалиёти низомии Русия то ибтидои соли 2017 дар Сурия 36 шаҳрванди Русия кушта шуда буд.

Муаллифони гузориши Reuters мегӯянд, фармондеҳоне, ки дар Сурия меҷанганд, аз хонаводаҳои кушташудаҳо талаб мекунанд, ки сарусадо барпо накунанд. Тибқи иттилои расмӣ, аз ибтидои сол то кунун дар Сурия ҳамагӣ 10 низомии рус кушта шудааст.

Фарқи рақамҳоро Reuters ба он рабт медиҳад, ки мақомоти Русия намехоҳанд, иштироки низомиёни ширкатҳои хусусиро дар ҷангҳои Сурия эътироф кунанд. Муаллифон мегӯянд, ҳамзамон наздикшавии интихоботи президентӣ монеи эътирофи арқом шудааст, зеро талафот яке аз масъалаҳои "ҳассос" аст.

Маъракаи низомии Русия дар Сурия 30-юми сентябри соли 2015 шуруъ шуд. Маскав ширкати низомиёни рус дар амалиёти заминӣ дар Сурияро борҳо рад кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG