Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи сокинони Овчӣ Қалъа боз шуд


Дар пайии гуфтугӯ миёни мақомоти маҳаллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, марзбонони қирғиз роҳи ягонаи ҳудуди 40 хонаводаи кӯчаи Баҳори ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боз карданд. Манобеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки алорағми боз шудани ин роҳ, ҳанӯз заминаи муноқиша ба таври комил аз байн нарафтааст. Ба гуфтаи манбаъ, қирғизҳо то як моҳ мӯҳлат додаанд, ки ҳамсояҳояшон роҳи дигар бисозад ва дар ғайри он роҳи ин маҳалро мебандад.

Эргашбой Ҷӯраев, раиси ҷамоати Овчи Қалъача 2 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 31-уми август як гурӯҳ аз марзбонони қирғиз дар як зиреҳпӯш ба маҳалли канори деҳаи Овчи Қалъача ҳозир шуда, хостанд як қисмати роҳро бубанданд. Дар он маҳал сокинони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду канори роҳ зиндагӣ мекунанд ва баста шудани ин масир, ҳудуди 40 хонаводаи тоҷикро аз роҳ ба сӯи маркази ноҳия маҳрум менамояд.

Вале Эргашбой Ҷӯраев гуфт, ки мақомоти маҳаллии ду кишвар сари ин масъала ба созиш расиданд ва ҷониби Қирғизистон розӣ шуд, ки роҳро набандад. Вай таъкид кард, ки ҳалли масоили марзӣ ба салоҳияти Комиссияи муштараки марзбандӣ байни ду кишвар, марбут аст.

Як сокини маҳалли муноқиша, ки худро Давлат Воҳидов муаррифӣ кард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори дувум аст, ки мақомоти маҳаллии қирғиз бо ёрии марзбонон мехоҳанд роҳи маҳаллро аз худ кунанд. Ба гуфтаи вай, рӯзи 31-уми август вақте гурӯҳи марзбонони қирғиз хостанд пеши ин роҳро бо симчӯбҳо банданд, даҳҳо тан аз сокинони тоҷик ба ин кори онҳо монеъ шуданд.

Тоҷикистону Қирғизистон аз 976 километр марзи муштараки байни ин ду кишвар то имрӯз ҳамагӣ 504 километрро пурра таъйин ва аломатгузорӣ кардаанд. Мушкили аслӣ дар мушаххас кардани хати марз такяи ду кишвар ба харитаҳои мухталифи марзбандӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳисоб меёбад.

Мушаххас набудани хати марз ва аломатгузорӣ нашудани он боиси моҷароҳои сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон шуда ва мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу заминҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

Масалан, дар соли 2014 дар минтақаҳои баҳсии ин марз, алалхусус дар марзи ноҳияҳои Исфараву Бодканд, байни сокинон ва марзбонҳои ду тараф 30 муноқишаву танишҳои марзӣ рух додаанд, ки бар асари онҳо ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону 1 милисаи қирғиз кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG