Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарҳанги номҳои тоҷикӣ" таҳия шудааст


Гавҳар Шарофзода.
Гавҳар Шарофзода.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, ки "Фарҳанги номҳои миллӣ" таҳия шуда ва он то моҳи сентябр аз нашр хоҳад баромад. Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита рӯзи 31-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ин фарҳанг номҳои миллӣ, ки дар феҳрист омадааст, шарҳ дода шудааст. Хонум Шарофзода афзуд, ки дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот гурӯҳи корие таъсис ёфтааст, ки номҳои пешниҳодкардаи шаҳрвандонро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи вай, дар ин давра аз ҷумла номҳое чун Асмоа, Облоқул ва Аҳсана радд карда шуданд. Ба бовари масъулини Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз ҷумла номи радшудаи Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро ба худ гирифтааст. Масъулони кумита мегӯянд, ки номи арабии Асмоа ба маънои ҷамъи исмҳо аст, ки мувофиқи меъёр намебошад.

XS
SM
MD
LG