Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз қарори Маскав дар робита ба дипломатҳо изҳори таассуф кард


Парчами Ийолоти Муттаҳидаи Амрико

Департаменти давлатии Амрико аз қарори Маскав, дар заминаи коҳиши теъдоди дипломатҳои ИМА дар Русия, изҳори таасуф кард. Дар изҳороти Департаменти давлатӣ омадааст, ки ин амалкард тавҷеҳ надорад - гуфт хабаргузории Associated Press. Департаменти давлатӣ мехоҳад таъсири ин коҳишро омӯзад ва бар сари амалҳои ҷавобӣ кор кунад.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки 755 корманди намояндагии дипломатии Амрико дар Русия, бо шумули амрикоиҳо ва шаҳрвандони Руси ихтисор хоҳанд шуд. Шумори кормандони хадамоти дипломатӣ 455 нафар- баробар ба теъдоди дипломатҳои рус дар Амрико хоҳад буд.

Мақомоти Русия коҳиши кормандони намояндагии дипломатии Амрикоро рӯзи 28 июл эълон карданд. Ин қарор посух ба тарҳи қонун дар бораи таҳримҳои нав алайҳи Русия аст, ки ахиран Конгресси ИМА қабул кард.

Видеоҳои охирин

Чаро қимати тарбуз дар Тоҷикистон парвоз кард?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:21 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG