Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозиро бо бошгоҳи дивизиони олии қаҳрамонии Узбакистон – «Металлург»-и Бекобод – бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.
Ин бозии охирини контролӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии “Истиқлол” дар Тошканд рӯзи 29-уми июл дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и пойтахти Узбакистон барпо гардид.
Ҳисобро дар дақиқаи 15-ум Ислом Исҳоқҷонов, бозигари “Металлург”, кушод. Дар дақиқаи охирини дидор Дилшод Восиев, ки дар нимаи дувум ба майдон омад, ҳисобро баробар кард.
Ҳамин тариқ, «Истиқлол» дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Тошканд се бозии контролӣ анҷом дод. Қаҳрамони Тоҷикистон аз «Нефтчӣ»-и Фарғона бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, ду бозиро бо «Машъал»-и Муборак ва «Металлург»-и Бекобод бо ҳисоби якхелаи 1:1 ба поён расонд.
Бозиҳои контролӣ дар Тошканд барои “Истиқлол” як марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 маҳсуб мешуд. Дар бозии аввали ниманиҳоӣ «Истиқлол» 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин) рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр дар меҳмонӣ барпо мегардад.
«Истиқлол» рӯзи панҷшанбе, 3-юми август, таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ муқобили «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 18 шуруъ мешавад.
Бозии контролӣ
«Металлург» (Бекобод, Узбакистон) – «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – 1:1
Голҳо: Ислом Исҳоқҷонов, 15 (1:1). Дилшод Восиев, 90 (1:1).
«Металлург» (Бекобод, Узбакистон): Зафар Сафоев, Мирғиёс Сулаймонов, Ҳикмат Ҳошимов, Дониёр Одилов, Аброр Хусинов, Мурод Тошматов, Ҷаҳонгир Абдумуъминов, Ҷавоҳир Исонқулов, Абхон Нуъмонов, Ислом Исҳоқҷонов, Зоҳид Абдуллоев.
Ҳимдастаҳояшонро иваз карданд: Алишер Зиёвуддинов, Санҷар Қодирқулов, Муҳаммад Қаҳрамонов, Худойшукур Сатторов, Муҳаммадҷон Султонов, Аброр Тошқӯзиев, Темур Тӯйчиев.
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич (Алишер Аҳмадов, 46), Артём Барановский, Дэвид Мавутор, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Александр Стетсенко (Ромиш Ҷалилов, 46), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 56), Манучеҳр Ҷалилов,
Огоҳонида шуданд: Санҷар Қодирқулов, Алишер Зиёвуддинов («Металлург»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).
Сардовар: Аҳрол Рисқуллоев (Тошканд).
29 июл. Тошканд. Варзишгоҳи «Дӯстлик». 80 тамошогар.