Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, бозиро бо бошгоҳи дивизиони олии қаҳрамонии Узбакистон – «Машъал»-и Муборак – бо ҳисоби 1:1 анҷом дод.
Ин бозии контролӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии “Истиқлол” дар Тошканд 27-уми июл дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти Узбакистон барпо гардид.
Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ Манучеҳр Ҷалилов, ҳамлагари “Истиқлол”, боз кард. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 57-ум Никита Павленко ҳисобро баробар намуд.
Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ Сардор Раҳмонов, бозигари “Машъал”, ду бор аз ҷаримаи 11-метрӣ истифода карда натавонист. Баъди зарбаҳои ӯ ду бор тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.
Бозии контролӣ
«Машъал» (Муборак, Узбакистон) – «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – 1:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 9 – аз пеналтӣ (0:1). Никита Павленко, 57 (1:1).
Аз ҷаримаи 11-метрӣ истифода карда натавонист: Сардор Раҳмонов («Машъал»), 45 – тири дарвоза, Сардор Раҳмонов («Машъал»), 60 – тири дарвоза.
«Машъал» (Муборак, Узбакистон): Ҷавоҳир Илёсов, Аббос Шодмонов, Асилҷон Бегимқулов, Сардор Раҳмонов, Аваз Агалиев, Сардор Абдураҳимов, Владислав Павленко, Шаҳзод Шоймонов, Абдулло Олимов, Кенҷа Тӯраев, Ҳумоюн Муртазоев,
Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Искандар Шойқулов, Игор Тиманюк, Никита Павленко, Зоҳир Қӯзибоев, Ҷонибек Мирзоқулов, Сардор Мелиев, Зафар Тӯраев, Б. Раҳимов.
«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров (Соҳиб Саванқулов, 61), Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Александр Стетсенко (Ромиш Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Фаридун Шарифов, 58), Дэвид Мавутор, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков (Дилшод Восиев, 58), Манучеҳр Ҷалилов.
Огоҳонида шуданд: Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Соҳиб Саванқулов («Истиқлол»).
Сардовар: Шерзод Қосимов (Тошканд).
27 июл. Тошканд. Варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёт.
Ёдовар мешавем, “Истиқлол” 25-уми июл дар бозии аввали контролӣ дар Тошканд аз бошгоҳи “Нефтчӣ”-и Фарғона бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд. Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Дар дақиқаи 53-юм Темур Ҳакимов, бозигари «Нефтчӣ», ҳисобро боз намуд. Баъди даҳ дақиқа голи дувуми мизбононро Муҳиддин Мамазулумов вориди дарвоза кард. Голи ягонаи “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев дар дақиқаи 73-юм аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.
Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”, душанбегиҳо дар Тошканд боз бо як дастаи дивизиони олии қаҳрамонии Узбакистон бозии контролӣ анҷом медиҳанд. “Истиқлол” 29-уми июл бо «Металлург»-и Бекобод бозиии санҷишӣ мекунад.
“Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев ба давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳои даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ омодагӣ мебинад.
Бар асоси қуръакашии бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.
Дар бозии ниҳоии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бошгоҳҳои «Хоум Юнайтед» (Сингапур) ва «Серес» (Филиппин) вориди рақобат мешаванд. Ин бозиҳо рӯзҳои 2-юм ва 9-уми август барпо мегарданд.
Дар бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр ё дар Сингапур ва ё дар Филиппин баргузор мешавад.