Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, аз бошгоҳи дивизиони олии қаҳрамонии Узбакистон – «Нефтчӣ»-и Фарғона – бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозии контролӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринии “Истиқлол” дар Тошканд 25-уми июл дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и пойтахти Узбакистон барпо гардид.

Ҳарсе гол дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Дар дақиқаи 53-юм Темур Ҳакимов, бозигари «Нефтчӣ», ҳисобро боз намуд. Баъди даҳ дақиқа голи дувуми мизбононро Муҳиддин Мамазулумов вориди дарвоза кард. Голи ягонаи “Истиқлол”-ро Дилшод Восиев дар дақиқаи 73-юм аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Бозии контролӣ

«Нефтчӣ» (Фарғона, Узбакистон) – «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – 2:1

Голҳо: Темур Ҳакимов, 53 (1:0). Муҳиддин Мамазулумов, 63 (2:0). Дилшод Восиев, 73 – аз пеналтӣ (2:1).

«Нефтчӣ» (Фарғона, Узбакистон): Уткир Юсупов, Достон Турсунов, Дилер Эрматов, Комрон Кападзе, Ҷасур Ҳасанов, Абдураҳмон Абдулҳақов, Музаффар Музаффаров, Абдуҷамал Исроилов, Мансур Саидов, Алишер Шоғуломов, Отабек Ҳайдаров.

Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Шерзод Ҳакимов, Темур Ҳакимов, Карен Абрамов, Мӯҳсин Убайдуллоев, Мурод Тӯйчибоев, Авазбек Улмасалиев, Муҳиддин Мамазулумов, Ризо Айвазов.

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Артём Барановский, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Соҳиб Саванқулов, Дэвид Мавутор (Фаридун Шарифов, 60), Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дмитрий Барков, Манучеҳр Ҷалилов (Дилшод Восиев, 54).

Огоҳонида шуд: Дмитрий Барков («Истиқлол»).

Сардовар: Акобир Шукруллоев (Тошканд).

25 июл. Тошканд. Варзишгоҳи «Дӯстлик».

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”, душанбегиҳо дар Тошканд боз бо ду дастаи дивизиони олии қаҳрамонии Узбакистон бозиҳои контролӣ анҷом медиҳанд. “Истиқлол” 27-уми июл бо «Динамо»-и Самарқанд ва 29-уми июл бо «Машъал»-и Муборак бозиҳои санҷишӣ мекунад. Ҳарду бозӣ дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд барпо мегардад.

“Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев ба давраи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ва бозиҳои даври ниманиҳоӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ омодагӣ мебинад.

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.

Дар бозии ниҳоии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бошгоҳҳои «Хоум Юнайтед» (Сингапур) ва «Серес» (Филиппин) вориди рақобат мешаванд. Ин бозиҳо рӯзҳои 2-юм ва 9-уми август барпо мегарданд.

Дар бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр ё дар Сингапур ва ё дар Филиппин баргузор мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG