Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ду нафар дар пайи сарозер шудани мошин ба Ванҷоб


Акс аз бойгонӣ

Дар пайи чаппа шудани як мошин ба рӯди Ванҷоб ду нафар ҷон бохтааст. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса бегоҳи 28-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон иттифоқ афтод.

Бино ба иттилои манбаъ, яке аз мусофирон сокини шаҳри Душанбе ва дигаре сокини деҳаи Даштаки ноҳияи Ванҷ будааст. "Ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад", - гуфтанд дар дафтари матбуоти ВКД.

Дар ин ҳодиса ронанда ва як мусофири 28-сола ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Дар моҳи июл ин севумин ҳодисаи ғарқ шудани сокинон дар дарёҳои кӯҳистонӣ аст. Рӯзи 13-уми июл дар ноҳияи Рашт як зани 33-сола ва ноболиғи 16-сола бар асари вазидани боди сахт ба дарёи Сурхоб афтода, ғарқ шуданд.

Бар асари чаппа шудани як заврақ ё қаиқи наҷотбахшон рӯзи 16-уми июл дар рустои Ширговади ноҳияи Дарвоз, капитани Вазорати дифоъ Наимҷон Саъдуллоев, корманди идораи умури дохилии ноҳияи Рӯшон Анвар Ёдалиев ва сокини 10-солаи ноҳияи Дарвоз ва Фирӯза Акобирова ғарқ шуданд. Ҷасади ин афрод то ҳол пайдо нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG