Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар посухи таҳримҳо Маскав эҳтимол 35 дипломати ИМА-ро хориҷ кунад


Истироҳатгоҳи дипломатҳои Амрико дар боғи Серебряный Бор
Истироҳатгоҳи дипломатҳои Амрико дар боғи Серебряный Бор

Дар сурати имзои таҳримҳои нави зидди Русия аз сӯи Доналд Трамп, Маскав эҳтимол 35 дипломати амрикоиро хориҷ кунад ва шумори кормандони намояндагиҳои дипломатии онро коҳиш диҳад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 27 июл бо такя ба манбаҳояш гузориш дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати нашрия, мақомоти Русия ҳамчунин метавонанд, истироҳатгоҳи сафорати Амрико дар "Серебряный Бор" ва анбори иншоотро масдуд кунанд. Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки таҳримҳои нав боздодани амволи дипломатии Русия дар Амрикоро, ки дар замони президентии Барак Обама ҳабс шуданд, "амалан номумкин" мегардонад.

Охири моҳи декабри соли гузашта мақомоти ИМА 35 дипломати русро "персона нон грата" эълон кард ва ду истироҳатгоҳи сафорати Русия дар Ню-Йорк ва Мэрилендро масдуд кард. Вашингтон гуфт, ин тасмимҳо дар посух ба дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи президентӣ ва фишор ба дипломатҳои амрикоӣ, гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG