Пайвандҳои дастрасӣ

Пол Манафорт бо аъзои кумитаи иктишофии Сенат мулоқот кард


Пол Манафорт

Пол Манафорт, раиси пешини ситоди интихоботии президенти Амрико Доналд Трамп ба суолҳои кумитаи Сенат дар умури иктишофӣ посух дод. Дар ин бора хабаргузории Associated Press рӯзи 26-уми июл иттилоъ дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, баёноти Манафорт ба мулоқоти ӯ бо вакили дифои рус Наталя Веселнитская, дар моҳи июни соли 2016, рабт дошт. Манафорт ба суҳбати иловагӣ бо намояндагони кумитаи ин Сенат низ ризоият додааст.

Пештар кумитаи ҳуқуқи Сенат ба Манафорт даъватнома фиристод, то дар доираи санҷиши амалҳои Русия ҳангоми маъракаи интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 баёнот диҳад. Қарор аст, ин баррасӣ рӯзи чаҳоршанбе баргузор шавад.

Манафорт таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА аз нафарони калидӣ ба ҳисоб меравад.

Моҳи июни соли 2016 ӯ раиси ситоди интихоботии президенти ИМА Доналд Трамп таъйин шуд ва худи ҳамон моҳ дар мулоқоти Доналд Трампи хурдӣ бо ҳуқуқшиноси рус Наталя Веселнитская иштирок кард.

Дар миёнаҳои моҳи август Манафорт баъди ошкор шудани ҷузъиёти робитаҳои кориву сиёсияш бо президенти пешини Украина Виктор Янукович истеъфо дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG