Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон гумонбарони дуздии миллионҳо долларро боздошт кард


Хадамоти амнияти давлатии Озарбойҷон мегӯяд, гумонбарони узвият дар гурӯҳи рахнагар ё ҳакерҳои байналмилалиро боздошт кард, ки миллионҳо долларро аз бонкҳо, бо шумули бонкҳои кишварҳои Шӯравии собиқ ба яғмо бурдаанд.

Хадамот рӯзи 25-уми июл бо пахши як изҳорот гуфт, ин гурӯҳ ба рахна кардани компютери як бонки Озарбойҷон ва дуздии 2 миллион доллар гумонбар шудааст.

Хадамоти амният яке аз гумонбарҳоро Данила Константинович Дорин муаррифӣ кард, ки дар Барселона боздошт ва 23-юми июл ба Озарбойҷон истирдод шудааст. Миллати Дорин маълум нест.

Мақомоти Озарбойҷон номи аъзои дигари гурӯҳро, ки боздошт шудаанд, ошкор накарданд.

XS
SM
MD
LG