Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 хонавода аз хавфи "Гӯри кампир" ба ҷои дигар кӯчиданд


Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 24-уми июл гуфтанд, ки хатари пораҳои афтодаи пиряхи “Гӯри кампир” муваққатан кам шуд, вале таҳдиди ин пирях пурра аз миён нарафтааст. Бо ин далел, бо тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 40 хонавода аз ду соҳили рӯдхонаи Сурхоб дар ноҳияи Тоҷикобод, ки ҳамеша аз селфароӣ бар асари об шудани ин пирях дар хатар буданд, кӯчонда шуданд. Ҳукумати маҳаллӣ ба онҳо аз маҳалли бехавф барои бунёди хона замин додааст.

Рӯзи 11-уми июли имсол пораҳои пиряхи “Гӯри кампир”, воқеъ дар ноҳияи Тоҷикобод, дар рӯдхонаи Шӯрак, як шохоби Сурхоб афтод ва мақомот гуфтанд, ки дар сурати якбора канда шудан он ба беш аз 500 хонавода таҳдид мекунад.

Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, рӯзи 24-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар наздикии пирях дидбонгоҳи ҳамешагӣ таъсис шудааст ва рафтани сокинон ба назди ин мавзеъ манъ шудааст. “Тармае, ки аз пирях дар дарёчаи Шӯрак афтода буд, оҳиста-оҳиста об мешавад. Агар якбора об мешуд, хатарбор буд. Ҳоло дар баландкӯҳҳо шиддати гармии ҳаво каме паст шудааст. Аз ин рӯ, ба гуфтаи мутахассисон хатар бартараф шудааст”, - афзуд ӯ.

Пиряхи “Гӯри кампир” дар қаторкӯҳи “Пётри як” ҷойгир аст ва яке аз пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ба шумор меравад. Ин пирях 13 километр дуртар аз деҳаи Капалӣ ва Фатҳобод ҷойгир аст. Дар ин ду деҳа наздики 500 хонавода зиндагӣ мекунад. Пиряхи “Гӯри кампир” бар асари гарм шудани иқлим дар чанд соли ахир рӯ ба обшавӣ овардааст. Аз ҳаракат ва обшавии ин пирях ҳамасола рӯдхона сероб мешавад ва мардуми поёноб аз обхезӣ зиён мебинад.

Бонки Ҷаҳонӣ барои назорати пиряхҳои дар ҳоли ҳаракат ва ҷилавгирӣ аз обшавии батадриҷи онҳо соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 13 миллион доллар ҷудо кардааст. Пиряхҳои "Федченко", "Пётри 1", "Гӯри Кампир" ва "Дидал" дар Тоҷикистон аз ҷумлаи пиряхҳои дар ҳоли ҳаракатанд ва хатарнок унвон мешаванд.

XS
SM
MD
LG