Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Толибони Покистон дастикам 26 нафарро қурбон кард


Гурӯҳҳои наҷот ҷасади кушташудаҳоро аз саҳнаи таркиш берун меоранд. Панҷоб, рӯзи 24-уми июли 2017
Гурӯҳҳои наҷот ҷасади кушташудаҳоро аз саҳнаи таркиш берун меоранд. Панҷоб, рӯзи 24-уми июли 2017

Толибони Покистон масъулияти ҳамлаеро бар дӯш гирифтааст, ки ба гуфтаи мақомоти беҳдошт дастикам 26 нафарро қурбон кард.

Сухангӯи “Таҳрики Толибони Покистон” Муҳаммад Хуросонӣ, дар паёми электроние ба матбуот гуфт, инфиҷор дар ҷодаи пурҳаракати пойтахти вилояти Панҷобро дучархасавори маргталаб анҷом дод.

Пулис макони таркишро муҳосира кард ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба саҳнаи ҳодиса шитофтанд.

Вазири беҳдошти вилояти Панҷоб Хавая Имрон Носир дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки камаш 26 нафар кушта шуд ва 49 нафари дигар захм бардошт.

Вазири умури дохилӣ Чодрӣ Нисор Алӣ Хон ба хабарнигорон гуфт, ки бахши умдаи кушташудаҳо ходимони пулис ва тамошобинҳо буданд.

Лоҳур дар даҳсолаи ахир саҳнаи ҳамлаҳои террористӣ буд, ки солҳои ахир каме коҳиш ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG