Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шон Спайсер, сухангӯи Кохи Сафед истеъфо дод


Шон Спайсер
Шон Спайсер

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Антони Скарамучиро ба унвони мудири нави иртибототи Кохи Сафед интихоб кард. Бо интихоби Скарамучӣ дар ин симат, Шон Спайсер – масъули матбуотии Кохи Сафед – истеъфо дод.

Нашрияи “Ню-Йорк Таймс” навишт, ки Спайсер бо таъини Скарамучӣ мухолиф буд.

Қарор аст, Антони Скарамучӣ дар моҳи августи имсол корашро ба ҳайси мудири нави иртибототи Қасри Сафед оғоз кунад.

XS
SM
MD
LG