Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПИД дар ҳоли коҳиш дар ҷаҳон ва афзоиш дар Осиёи Марказӣ


Соли 2016 бар асари гирифторӣ ба вируси заъфи масунияти бадан СПИД 1 миллион нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин омор тахминан 50 дар сад камтар дар муқоиса бо соли 2005 аст, ки аз назари СММ, як марҳилаи хеле ваҳшатнок будааст. Дафтари СММ оид ба мубориза бо СПИД бо пахши гузориши наве гуфтааст, ки бо вуҷуди коҳиш дар саросари ҷаҳон, дар Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ, Ховари Миёнаву Африқои Шимолӣ ҳодисаҳои марги инсонҳо бар асари бемориҳои марбут ба ин вирус афзоиш ёфтааст.

Гузориш мегӯяд, ки соли 2005 - 1,9 миллион сокини сайёра дар паи гирифторӣ ба ин вирус ва маризиҳое, ки марбут ба он будааст, ҷони худро аз даст доданд. Зимни муаррифии ин гузориш дар Париж рӯзи 20 июл раҳбари иҷроияи барномаи СММ Майкл Сидибе гуфт:

“Ман ҳашт ё нӯҳ сол аст, ки раҳбарии барномаи СММ оид ба мубориза бо СПИДро ба ӯҳда дорам. Дар ин муддат мо дар тамоми ҷаҳон ба муваффақият даст ёфтем, ба ҷуз Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ. Шигифтовар аст, ки шумори гирифторон дар Аврупои Шарқӣ афзуда дар давоми шаш соли охир беш аз 60 дар садро ташкил додааст”.

Вай гуфт, беш аз 40 дар сади гирифторони вируси заъфи мсунияти бадан дар Осиёи Марказӣ мӯътодони тазриқӣ мебошанд. Як нуктаи мусбат ин аст, ки шумори бемороне, ки дар саросари ҷаҳон ба маводи тиббӣ дастрасӣ доранд, 50 дар сад афзудааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 6,5 ҳазор мубталои ин беморӣ сабт шудаанд.

XS
SM
MD
LG