Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Путин дар бораи забони аққалиятҳои миллӣ баҳс эҷод кард


Изҳороти ахири президент Путин дар бораи забони аққалиятҳои миллии кишвараш баҳсҳои зиёде эҷод кард. Дар як сафараш ба ҷумҳурии Мари Эл рӯзи 20 июл, Путин гуфт, ки рустаборони маҳаллӣ дар ин манотиқ ба омӯзиши забонҳои аққалиятҳои миллӣ маҷбур карда мешаванд. “Мумкин нест, ки як нафарро, ки забони модарии ӯ набошад, ба омӯзиши он маҷбур кунӣ.

Инчунин кам кардани шумори дарсҳои забони русӣ дар мактабҳои ҷумҳуриҳои миллӣ дар ҳудуди Русия имкон надорад”. Дар вокуниш ба изҳороти Путин бисёриҳо навиштанд, ки ин ҳарфҳо бо принсипи федеролизм дар ихтилоф аст, ки ба аққалиятҳои миллӣ дар ҳудуди Русия ҳақ ва имкони ҳифзи забону фарҳангашонро фароҳам меорад.

Вале дар вокуниши дигар гурӯҳҳо аз Путин ситоиш ва гуфта шудааст, ки дар Русия шарт нест, ки аққалиятҳои миллӣ ба забони худ ҳарф зананд. Тахминан 52 дар сади сокинони ҷумҳурии Мари Эл, ки 700 ҳазор ҷамъият дорад, мардуми марӣ ташкил медиҳад ва ба забони марӣ сӯҳбат мекунанд. Ин мардум талош дорад забони худро аз нобудшавӣ эмин дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG