Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати кишварҳои араб ба Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар


Сабқати футбол дар байни тимҳои Қатар ва Эрон дар Доҳа.
Сабқати футбол дар байни тимҳои Қатар ва Эрон дар Доҳа.

Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷонни Инфантино мегӯяд, Арабистони Саудӣ, Яман, Баҳрайн, АМА, Миср ва Мавритания талаб доранд, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022 дар Қатар баргузор нашавад.

Ба иддаои кишварҳои араб, Қатар "ҷонибдор"-и терроризм буда, наметавонад амнияти мухлисонро таъмин кунад. Шашгона гуфтааст, дар сурати рад шудани талабаш мусобиқотро таҳрим мекунад.

Инфантино гуфт, ин кишварҳо бар поияи банди 85-уми низомномаи ФИФА ("ҳолатҳои ғайричашмдошт") амал кардаанд, ки ба раҳбарияти созмон ҳақ медиҳад, мусобиқотро манъ ё маҳалли баргузории онро иваз кунад..

Президенти ФИФА ҳамчунин гуфт, ки ин кишварҳо омодаанд, барои мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2022 миёни кишварҳои узв назарпурсӣ гузаронанд.

Саудия, Баҳрайн, АМА ва Миср 5 июн робитаҳои дипломатиро бо Қатар қатъ карда, Доҳаро дар ноором сохтани вазъи дохилии кишварҳои араб ва ҳимоят аз терроризм айбдор карданд. Дертар ба сафи онҳо Молдив, Яман, Мавритания, Маврикий, Иттиҳоди ҷазираҳои Қамар ва Либия ҳамроҳ шуданд. Қатар иддаои ҳамсояҳои худро рад ва амали онҳоро дастдарозӣ ба соҳибихтиёрии Доҳа унвон мекунад.

Қатар ҳаққи мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футболро 2 декабри соли 2010 дарёфт карда буд.

XS
SM
MD
LG