Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таслияти раҳбарони Эрон дар робита ба даргузашти Мирзохонӣ


Марям Мирзохонӣ
Марям Мирзохонӣ

Раҳбарони Эрон дар робита ба даргузашти риёзидони маъруфи ин кишвар ва профессори Донишгоҳи Стэнфорд Марям Мирзохонӣ ибрози таслият карданд. Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии ин кишвар, рӯзи шанбе аз Марям Мирзохонӣ, ки бар асари бемории саратон дар чиҳилсолагӣ даргузашт, ситоиш намуданд.

Расонаҳои эронӣ гузориш доданд, ки Марям Мирзохонӣ рӯзи 15-уми июл дар яке аз бемористонҳои Амрико вафот кард.

Ин донишманди эронӣ соли 2014 ҷоизаи байналмилалии Fields Medal, мӯътабартарин ҷоизаи риёзиёти ҷаҳонро соҳиб шуда буд. Марям Мирзохонӣ соли 1977 дар Теҳрон зода шуда, мактаби Фарзонагони пойтахти Эронро хатм кардааст.

Ӯ баъдан таҳсили худро дар риштаи риёзиёти Донишгоҳи санъатии Шариф идома дод ва аз ин донишгоҳ соҳиби диплом шуд. Ин нобиғаи риёзӣ сипас аз Донишгоҳи Ҳарвард низ дараҷаи докториро ба даст овард.

XS
SM
MD
LG