Пулиси Теҳрон рӯзи 15-уми июл як нафари ҳамлагар дар истгоҳи метрои пойтахти Эронро бо зарби гулӯла маҷрӯҳ кард, ки дар роҳ ба бемористон ҷон додааст.
Расонаҳои давлатии Эрон ба нақл аз Ҳодӣ Тамҳидӣ, муовини раиси минтақае дар ҷануби Теҳрон гуфтанд, ин нафар гӯё баъди баҳс бо як рӯҳонии дар ҳоли амри маъруф бо корд ба ӯ ҳамла кардааст. Бино ба гузориши расонаҳои давлатии Эрон, баъдан ин нафар чанд каси дигарро, ки қасди наҷоти марди рӯҳониро доштанд, захмӣ намудааст.
Тамҳидӣ гуфт, нирӯҳои пулис ҳамлагарро бо тири гулӯла захмӣ карданд ва ӯ дар роҳ ба бемористон ҷон додааст. Вай гуфт, ки ҳамлагар вазъи хуби равонӣ надошт.
Намояндагони метрои Теҳрон гуфтанд, ки мисли пешина ба корашон идома медиҳанд. Нирӯҳои пулис мегӯянд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад.